Дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ тантанаҳои бошукӯҳ доир гардиданд

Ноябрь 23, 2018 16:15

ХОРУҒ, 23.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз самтҳои гуногун, дар ҳавои дафу доира  ба сӯи майдони ба номи Исмоили Сомонӣ ҳаракат намуданд. Ҳарчанд ҳаво абролуд ва боронӣ буд, аммо ин пеши роҳи сокинони шаҳрро гирифта натавонист. Ҳазорон бошандагон, ки дар миёнашон кӯдакону пиронсолон низ ба назар мерасиданд, дар майдони ба номи Исмоили Сомонӣ ҷамъ омаданд.

Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода иштирокдорони ин тантанаро табрик намуда, баён дошт, ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба нақши таърихии Парчам чунин изҳори ақида намудаанд: «Ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Яъне парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст. Дар парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст. Рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам дар давраҳои вазнини ҳаёти халқу миллатҳо воситаи муассири инъикоси якпорчагӣ ва илҳомбахши муборизаи фидокоронаи фарзандони содиқу вафодори онҳо будааст».

Муовини раиси вилоят дар идомаи суханаш гуфт, ки дар назди Парчам ҳар шаҳрванди давлат,  аз Президент то сарбози одӣ зону зада, савганди садоқату вафодорӣ ба Ватан ёд мекунанд. Барои мо мояи ифтихор аст, ки дар пешгоҳи бинои муҳташами Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи сатҳи чаҳонӣ Парчами мо низ ҷилвагар мебошад. Ин гувоҳи чун давлати соҳибистиқлолу демократӣ ва дунявӣ шинохта шудани Ҷумхурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мешавад. Ба ин хотир, ҳар як шаҳрванди мамлакат Парчами давлатию миллиро бояд эҳтиром гузорад. Барои арҷгузорӣ ва эҳтиром ба Парчами давлатӣ ва нақши бузурги он дар тарбияи ватандорию худшиносии миллии мардум, бахусус, ҷавонону наврасон соли 2010 дар яке аз гулгаштҳои хушманзараи пойтахт манораи бузурги парчам бунёд гардид ва он ҳангоми таҷлили 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ дар шинохти кишвар ва шаҳрвандони он саҳми бузург мегузоранд.

Сипас  иштирокдорони тантанаҳои идона зери Парчами миллӣ, ки дар канори майдони ба номи Исмоили Сомонӣ қад афтрохтааст, базми шеър ва рақсу суруд баргузор карданд.

Ноябрь 23, 2018 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон