Дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ тантанаҳои бошукӯҳ доир гардиданд
ХОРУҒ, 23.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз самтҳои гуногун, дар ҳавои дафу доира ба сӯи майдони ба номи Исмоили Сомонӣ ҳаракат намуданд. Ҳарчанд ҳаво абролуд ва боронӣ буд, аммо ин пеши роҳи сокинони шаҳрро гирифта натавонист. Ҳазорон бошандагон, ки дар миёнашон кӯдакону пиронсолон низ ба назар мерасиданд, дар майдони ба номи Исмоили Сомонӣ ҷамъ омаданд.
Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода иштирокдорони ин тантанаро табрик намуда, баён дошт, ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба нақши таърихии Парчам чунин изҳори ақида намудаанд: «Ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Яъне парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст. Дар парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст. Рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам дар давраҳои вазнини ҳаёти халқу миллатҳо воситаи муассири инъикоси якпорчагӣ ва илҳомбахши муборизаи фидокоронаи фарзандони содиқу вафодори онҳо будааст».
Муовини раиси вилоят дар идомаи суханаш гуфт, ки дар назди Парчам ҳар шаҳрванди давлат, аз Президент то сарбози одӣ зону зада, савганди садоқату вафодорӣ ба Ватан ёд мекунанд. Барои мо мояи ифтихор аст, ки дар пешгоҳи бинои муҳташами Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи сатҳи чаҳонӣ Парчами мо низ ҷилвагар мебошад. Ин гувоҳи чун давлати соҳибистиқлолу демократӣ ва дунявӣ шинохта шудани Ҷумхурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мешавад. Ба ин хотир, ҳар як шаҳрванди мамлакат Парчами давлатию миллиро бояд эҳтиром гузорад. Барои арҷгузорӣ ва эҳтиром ба Парчами давлатӣ ва нақши бузурги он дар тарбияи ватандорию худшиносии миллии мардум, бахусус, ҷавонону наврасон соли 2010 дар яке аз гулгаштҳои хушманзараи пойтахт манораи бузурги парчам бунёд гардид ва он ҳангоми таҷлили 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ дар шинохти кишвар ва шаҳрвандони он саҳми бузург мегузоранд.
Сипас иштирокдорони тантанаҳои идона зери Парчами миллӣ, ки дар канори майдони ба номи Исмоили Сомонӣ қад афтрохтааст, базми шеър ва рақсу суруд баргузор карданд.











КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






