Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши ҷавонон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 09.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 12-13 ноябри соли равон дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таҳти унвони «Пешвои миллат- бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон: иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва нақши онҳо дар таҳкими муносибатҳои идорӣ» силсилаконфронсҳои илмӣ – амалӣ доир мегарданд. Дар конфронсҳо иштироки олимони ҷавон, коршиносони соҳа ва собиқадорони ҷангу меҳнат дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз 1 то 16 ноябри соли 2018 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва олии ҷумҳурӣ, муассисаҳои варзишӣ суҳбату мулоқотҳои масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир ба хизматҳои шоён ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ бо иштироки васеи ҷавонон роҳандозӣ шудааст.
Бахшида ба ин сана дар марказҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳти унвони «Пешвои миллат- рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон» бо иштироки фаъолону сокинон ҳамоишҳо доир карда мешаванд.
Ҳамчунин то 16 ноябр баргузории суҳбатҳои «мизи мудаввар», аксияҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ, мулоқот, намоиши филмҳои ҳуҷҷатӣ, барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони маъруф, мусобиқаҳои варзишӣ ва намоиши дастовардҳои ҷавонони мамлакат дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2016 инҷониб 16 ноябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Дар иртибот ба ин 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






