Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 ва Маркази саломатӣ дар деҳаи Паркамчии ноҳияи Данғара

Ноябрь 5, 2018 14:26

ДУШАНБЕ, 05.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Паркамчӣ Маркази саломатӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 — ро ифтитоҳ карданд.

Бинои нави Маркази саломатии деҳаи Паркамчӣ аз ҷониби сокинони деҳа бунёд гардида, аз як ошёна ва ҳуҷра барои хатна, таваллудхона, доругузаронӣ, ҳуҷраи қабули беморон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Айни замон Маркази саломатии мазкур дар деҳаи Паркамчӣ ягона буда, он бо тамоми шароити зарурии тиббӣ ва мутахасисони кордону ботаҷриба таъмин мебошад.

Пешвои миллат иқдоми сокинони деҳаи мазкурро намунаи ибрат ва амали хайрхоҳонаву ҷавонмардона маънидод намуда, табибону мутахассисонро ба хизмати софдилонаю содиқона барои ҳифзи солимии сокинон ҳидоят намуданд.

Дар шафати Маркази саломатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 — ро ифтитоҳ карданд.

Бинои нави таълимӣ 3 — ошёна буда, дорои 960 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад. Мактаб аз синфхонаҳои фаннӣ, китобхона, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки муассисаи мазкур аввалин мактаб дар деҳаи Паркамчӣ буда, аз соли 1930 то соли 1968 — ум ҳамчун мактаб барои синфҳои ибтидоӣ ва баъдтар то соли 1989 ҳамчун мактаби 7-сола фаъолият кардааст. Аз соли 1989 ба зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаштани мактаб барои бошандагони деҳаи Паркамчӣ туҳфаи арзандае гардид, зеро ба ин восита аз пештара дида имконияти таҳсил дар деҳот фарохтар шуду шароит низ хубтар гашт. Акнун вобаста ба талаботи замон ва рушди соҳаи маориф дар кишвар,  дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси деҳа ва сокинони ватандӯсти он бинои кӯҳнаи мактаб ба як иншооти замонавӣ табдил дода шуд. Сохтмони бино ҳанӯз моҳи  апрели соли 2018 оғоз гардида,  дар давоми 7 моҳ пурра бо сифати баланд ба истифода дода шуд. Бино бо тарҳи зебои меъморӣ бунёд шуда, ба симои деҳа зебоии дигар зам кард.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, фаъолияти босамар ва истифодаи судманди имкониятҳои таълимӣ ба омӯзгорон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Қобили зикр аст, ки дар муассиса ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, муваффақиятҳо низ назаррасанд.

Дар таълимгоҳ айни замон 300 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шудааст, ки омӯзгорони соҳибихтисосу ботаҷриба ба онҳо таълим медиҳанд.

То имрӯз тариқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара 16 нафар омӯзгори ҷавон аз ҳисоби хатмкардаҳои муассисаҳои соҳавии кишвар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону шахсони саховатпешаи деҳа дар дастаҷамъӣ барои ободии як гӯшаи диёр камари ҳиммат бастанд.

Дар ин баробар мумфарш кардани 4,5 километр роҳҳои байни деҳаҳо, иваз намудани симчӯбҳои фарсуда бо пояҳои оҳанию бетонии нав, васли чароғакҳои равшанидиҳӣ, бунёди иншооти маишию хизматрасонӣ ва ғайра аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи маҳаллӣ сурат гирифтанд.

Сокинони ватандӯсти деҳа барои истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди дигар иншооти муҳимро идома медиҳанд ва барои шукуфоии диёри хеш саҳми муносиб мегузоранд.

Баъди ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 дар саҳни ҳавлии мактаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳия ва ҳайати омӯзгорону хонандагон мулоқоти самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат ифтитоҳи бинои мактаб ва маркази саломатиро ба сокинон муборакбод гуфта, ба шахсони саховатпешаи ноҳия барои амалӣ кардани иқдомҳои ибратбахш баҳри ободии диёри хеш изҳори сипос карданд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 ва Маркази саломатӣ дар деҳаи Паркамчии ноҳияи Данғара 05.11.2018

Ноябрь 5, 2018 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба шаҳри Остона сафар намуданд
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд