Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Ноябрь 14, 2018 11:19

ДУШАНБЕ, 14.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба муносибати рӯйдоди муҳими таърихӣ — ба кор андохтани агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик гуфтанд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» иншооти муҳиму стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ роҳбарияти олии кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои бунёди неругоҳҳои хурду бузург дар қаламрави кишварамон ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.

Таъкид гардид, ки бунёди пурраи ин кохи нур роҳи асосии ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шудани Тоҷикистон буда, омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, сабаби  таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии сокинони мамлакат мегардад.

Имрӯз дар маросими навбатии супоридани мукофотҳои давлатӣ аз корманди одӣ сар карда, то экскваторчӣ, васлгару ронанда, нақбкану кафшергар, пармагару барқчӣ, дуредгару муҳандис ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ иштирок доштанд, ки дар қитъаҳои гуногуни ҷабҳаи нангу номус бо садоқат ба давлату миллат заҳмат мекашанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» коргарон бо Ордени «Шараф дараҷаи 2», Медали «Хизмати шоиста» ва «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр карда шуданд.

Ҳамин тавр 2 нафар бо Ордени «Шараф дараҷаи 2», 53 нафар бо Медали «Хизмати шоиста» ва 48 нафар бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ хизмати арзандаи ҳар як нафар коргари Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун», аз ҷумла сардорони раёсатҳои ширкат, васлгарон, ронандагони техникаҳои гуногун, нақбканон, кафшергарони газию барқӣ, таъмиргарони муҳаррик, челонгарон, пармагарон, устоҳои қитъаҳои сохтмонӣ, кормандони озмоишгоҳҳо, барқчиён, дуредгарон, назоратчиҳои қитъаҳои сохтмонӣ, истеҳсолотчиён, инчунин пудратчиён — кормандони даҳҳо адад ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдудро, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ фаъолона иштирок кардаанд, махсус зикр намуданд.

Дар маросими мукофотсупорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ шуданд, ба ифтихори рӯйдоди муҳим табрик гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу карданд.

Пешвои миллат бори дигар ба ҳамаи коргарон барои хизмати шоиста ва ватандӯстонаву созанда дар назди халқу Ватан миннатдорӣ баён намуда, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо минбаъд низ барои ободии кишварамон, пойдории сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти иқтисоди миллиамон ва амалӣ гардидани ҳамаи ҳадафҳои неки давлату ҳукумат бо азму талоши дучанд заҳмат мекашанд.

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 14.11.2018

Ноябрь 14, 2018 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 34-солагии истиқлоли давлатӣ
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу ди Соуза барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд