Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов

Ноябрь 20, 2018 18:15

ДУШАНБЕ, 20.11.2018 /АМИТ «Ховар»/.  20 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоиловро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки натиҷаҳои ин сафар ва мулоқоту музокирот омили муҳим барои рушди муносибатҳои шарикии Тоҷикистону Ӯзбекистон мегардад.

Дар оғози суҳбат Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” табрику таҳният намуда, изҳор дошт, ки “ман аз баистифодадиҳии муваффақонаи ин иншооти азим ба ваҷд омадам. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон абадӣ боқӣ мемонад ва татбиқи лоиҳаи мазкур на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои мардумони тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти байналмилалӣ дорад. Ин лоиҳаи беназир маҳз бо шарофати Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, азму иродаи қавӣ ва сиёсати дурбинонаатон амалӣ гардид”.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои мо ба сатҳи нави шарикии стратегӣ баромад ва барои ноил гардидан ба ин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев такони ҷиддӣ бахшид.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла ҷоннок кардани фаъолияти гуруҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули таҷриба дар самти қонунгузорӣ, иброз доштанд.

Таъмиқи ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, афзоиши гардиши мол, татбиқи амалии санадҳои муҳими зимни сафарҳои давлатии сарони давлатҳо баимзорасида, рафтуомади бераводид, ифтитоҳи нуқтаҳои назоратӣ, кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ, роҳҳои оҳану мошингард, ҳамкории фарҳангию гуманитариро муҳим шуморида, онро воситаи асосии баҳамоии мардумони дӯсти тоҷику ӯзбек маънидод карданд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ таъмини амну субот дар минтақа, муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории трансмиллӣ, аз самтҳои афзалиятноку барои мардумон судманд, зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

Мулоқот бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов 20.11.2018

Ноябрь 20, 2018 18:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо дигар сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ аз Осорхонаи давлатии Эрмитаж боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон Санаэ Такаичи мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси ҳизби ҳокими Либералӣ-демократии Ҷопон, собиқ Сарвазири Ҷопон Таро Асо мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон бо як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон Секигучи Масакадзу мулоқот намуданд