НОМАИ ШОДБОШИИ Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин
ДУШАНБЕ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/.Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маросими расмии ифтитоҳи Намоишгоҳи «Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ» баргузор гардид, ки дар он паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин ба ташкилкунандагон ва меҳмонони намоишгоҳ қироат шуд.
Дар зер матни пурраи номаи шодбошии Президенти ФР оварда мешавад.
Ба ташкилкунандагон ва меҳмонони намоишгоҳи таърихӣ ва ҳуҷҷатии «Россия ва Тоҷикистон: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ»
Дӯстони гиромӣ!
Шуморо ба муносибати ифтитоҳи намоишгоҳи «Россия ва Тоҷикистон: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ», ки ба муносибатҳои таърихии кишварҳо ва мардумонамон бахшида шудааст, самимона шодбош мегӯям.
Чунин намоишгоҳи миқёсӣ ба санаи муҳим – 25-умин солгарди «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн», ки баимзорасонии он барои тавсеаи назарраси робитаҳои байнидавлатии Россия ва Тоҷикистон шароит фароҳам овард, рост меояд.
Тайи чорякаср муносибатҳои Москва ва Душанбе ба сатҳи иттифоқӣ ва шарикии стратегӣ баромаданд. Муколамаи пурмуҳтавои сиёсии дуҷониба ва ҳамкории самараноки иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмӣ, техникӣ ва ҳарбӣ ба роҳ монда шудааст. Робитаҳои бисёрҷанбаи байниминтақавӣ ва табодул дар соҳаи илм, фарҳанг, маориф ва маорифпарварӣ рушд меёбанд. Ҳамоҳангии талошҳо дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи ИДМ, СҲШ, СААД ва дигар сохторҳои бисёрҷониба самараи нек медиҳад.
Мутмаинам, ки намоишгоҳ дар ҳаёти фарҳангӣ ва ҷамъиятии кишварҳоямон рӯйдоди муҳим мегардад. Мехоҳам аз самимӣ қалб ба ҳамаи онҳое, ки дар омода ва ташкили он иштирок карданд, изҳори миннатдорӣ ва ба ташрифоварони намоишгоҳҳо таассуроти ҳаяҷонбахшу фаромӯшнашаванда таманно намоям.
В. Путин








ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»






