Парчами миллӣ-ливое, ки сайёҳони хориҷӣ Тоҷикистонро бо он мешиносанд

Ноябрь 23, 2018 16:10

ДУШАНБЕ, 23.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар хатсайрҳо ва барномаҳои ширкатҳои сайёҳии ватанӣ тамошои Боғи Парчами миллӣ ҷой дода шудааст, ки ҳамарӯза садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин макони назаррабо ташриф оварда, дар назди яке аз парчамҳои балантарини дунё аксбардорӣ мекунанд.

Дар арафаи Рӯзи Парчами давлатӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии кишвар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии ҶДММ «Ориент Адвентур» тасмим гирифт, ки саёҳати рӯзноманигоронро ба мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Ҳисор ташкил намояд.

Тибқи барнома, саёҳат аз шаҳри Душанбе оғоз гардида, рӯзноманигорон бо имкониятҳои сайёҳии Ҳисор шинос шуданд.

Қобили зикр аст, ки Қалъаи Ҳисор дар баробари дигар мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар ҷаҳон маъмулу машҳур аст ва сайёҳони хориҷӣ ба он таваҷҷуҳ доранд. Ҳангоми тамошои ин макони сайёҳиву таърихӣ, ки зери роҳбаладии масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, сайёҳон оид ба таърихи бунёди Қалъаи Ҳисор ва давраҳои гуногуни он маълумоти зарурӣ пайдо намуданд. Тамошои ин мавзеи таърихии кишвар ба рӯзноманигорон таассуроти зиёд бахшид. Онҳо аз мадраса, осорхона ва қалъаи Ҳисор низ дидан намуданд.

Зимни боздид аз ин макони тамошобоб рӯзноманигорон боз як бори дигар боварӣ ҳосил намуданд, ки миллати тоҷик дорои тамаддуни ҷаҳонӣ буда, чеҳраҳои оламшумули он бо бозёфту осори нодири худ дар пешрафти маданияти халқҳои гуногуни дунё нақши муҳим бозидаанд.

Инчунин ба рӯзноманигорон тартиби қабулу гусели сайёҳон, пешниҳод намудани ҷойҳои истироҳатӣ, ҳамчунин намунаи ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода шуд.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ барои Тоҷикистон сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, саёҳати сайругаштӣ, таърихию фарҳангӣ, кўҳнавардӣ ва шикор ба шумор мераванд. Барои рушди ин намудҳои сайёҳӣ захираҳои бузурги он дар ҷумҳурӣ имконият медиҳанд. Қуллаҳои баланд, аз ҷумла қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 м. аз сатҳи баҳр ва манзараҳои кўҳистоне, ки дар он ҷо чаҳор фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст, обҳои шифобахшу шаффоф, иншооти санаторию курортӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд.

Бештару беҳтар тарғибу ташвиқ гардидани имкониятҳои мавҷудаи сайёҳӣ аз ҷониби воситаҳои ахбори омма барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи сайёҳӣ ва дар ин замина ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистони офтобрӯя ва меҳмоннавоз заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ноябрь 23, 2018 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон