Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар намоишгоҳи сайёҳии Қатар иштирок намуд

Ноябрь 25, 2025 15:29

ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори муассиса Убайдулло Асрорзода дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ (QTM — 2025), ки аз 24 то 27 ноябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар мегузарад, иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Зимни тамошои гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар чорабинии рӯнамои зарфият ва имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ (QTM — 2025) иштирок намуданд.

Ҳамзамон дар доираи намоишгоҳ вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ бо ширкатҳои маъруфи самти сайёҳӣ ва меҳмондории ҷаҳонӣ доир гардид.

Дар назар аст, ки дар ин рӯзҳо ректори Донишгоҳи  байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти якчанд муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва сохторҳои калидии бахши сайёҳӣ ва шабакаи меҳмонхонаҳои Давлати Қатар, аз ҷумла «Katara Hospitality» ва «Visit Qatar» мулоқот намояд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

 

Ноябрь 25, 2025 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд