Парлумони Тоҷикистон ҷалби ҷавононро ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ маҳкум менамояд
ДУШАНБЕ,09.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарони як зумра сохторҳои қудратии мамлакат «Соати парлумонӣ» баргузор гардид.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, мавзӯи нишаст «Пешгирии ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» буд.
Ба иттилои манбаъ, Абдуҷаббор Азизӣ зимни ҷамъомад гуфт, ки «масъалаи баррасишаванда яке аз мавзӯъҳои мубрами ҷомеа буда, ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ яке аз омилҳои хавфнок ва мушкилоти глобалии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Танҳо муборизаи дастаҷамъона метавонад барои решакан ва аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб замина гузорад».
Зикр шуд, ки мақсади баргузор намудани «Соати парлумонӣ» пешгирии ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои байналмилалӣ сухан гуфта, зикр намудаанд, ки «террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад».
Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Абдулҳасаниён, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебунисо Ҷумахонзода, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баракатулло Камолзода сухан гуфтанд.
Дар анҷом байни вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули соҳаҳои қудратии кишвар саволу ҷавоб ва музокираҳои судманд баргузор гардиданд.













Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






