Пешвои миллат – бунёдгузори иншооти бузурги аср
ХУҶАНД, 17.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи ноябри имсола барои мардуми Тоҷикистон бафайз омад. Зеро дар як рӯзи он ба ҳам тавъам омадани ду сана-Рӯзи Президент ва ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» рӯйдодҳои арзишмандеанд, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, номзади илмҳои тиб, сартабиби Таваллудхонаи марказии вилояти Суғд Шоира Бузурукова ин санаҳои муҳими таърихиро аз баракати ободкориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, андешаҳояшро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд Абдуаҳад Шарифзода чунин баён намуд:
-Ба истифода додани агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» -ро метавон рӯзи равшанию нур номид. Яъне, ин заминаи асосии расидан ба соҳибистиқлолии энергетикии мамлакат аст. Аз ин лиҳоз, ин сана дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷойгоҳи махсусеро соҳиб мегардад, зеро солҳои минбаъда ва баъди бо иқтидори пурра ба кор даромадани ин неругоҳ истиқлолияти энергетикии ҷумҳуриамон боз ҳам комилтар хоҳад гашт.
Ба фаъолият оғоз намудани чархаи аввали НБО-и «Роғун»-ро метавон натиҷаи сиёсати муваффақи Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ унвон кард.
«Роғун» майдони мардонагиву ҷасорат ва маркази тарбияи мутахассисони соҳаи барқу энергетикаи тоҷик ба шумор рафта, нишонаи иттиҳод ва сарҷамъии миллат аст ва пояҳои истиқрору ягонагиро бо нури поку мусаффои хеш дар қаламрави кишвар таҳким мебахшад.
Бояд гуфт, ки бунёди пурраи ин кохи нур роҳи асосии ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шудани Тоҷикистон буда, омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, сабаби таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии сокинони мамлакат мегардад.
Таърихи навини зиёда аз ду даҳсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баъди расидан ба Истиқлолият, ки фарогири айёми мудҳиши даргириҳо дар оташи ҷанги бемантиқи дохилӣ ва муваффақ шудан ба сулҳи пойдор ва Ваҳдати миллӣ буд, бо ҳама пастиву баландиҳояш ва муаррифии мамлакатамон дар арсаи ҷаҳонӣ, бешак бе заҳматҳои шоёну шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан мумкин нест.
Зеро, ёд дорам он солҳои душвору сангини аввали солҳои 90-умро, ки кишварамон қариб ба парокандагӣ расида буду на ҳар як шахс ҷуръат дошт вазифаи роҳбарии давлатро ба уҳда гирад. Маҳз ин фарзанди фарзонаи миллат зимни баргузории иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд роҳбарии давлатро бо нотарсиву далерӣ ба дӯш гирифта, бо сарҷамъ намудани аҳолӣ ва амалинамои нақшаҳои дурбинонаву созандаи ҳукумати кишвар Тоҷикистони ба вартаи ҷанг афтодаро ба имрӯзи шукуфон оварда расонд.
Чун вакили мардумӣ бо боварии том иброз менамоям, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон дар симои ин абармарди сиёсати ҷаҳонӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фидоии беназири миллатро мебинанд. Зеро хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, эҳёи миллат, ҳифзи якпорчагии Ватан ва сулҳу файзи хонадони тоҷикон абадан дар саҳифаи таърих нақш бастаанд.
Маҳз ватандӯстиву матонат, шуҷоатмандии бемисл, меҳнатҳои пурмашаққати пайвастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар хонадони ҳар сокини кишвар осоиштагӣ, саодатмандӣ, ваҳдату дӯстӣ ва баракати рӯзгор пойдор гашт.
Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як фарди ин мамлакат- роҳбару коргар, омӯзгору табиб, муҳандису сохтмончӣ, соҳибкору ҳунарманд, пиру ҷавон бо дарки вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир дар гирди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яктану муттаҳид гардида, бо шукргузорӣ аз ваҳдату якпорчагии миллат, рӯзгори ободу осоишта, якдиливу якмаромӣ баҳри пойдории сулҳу субот дар ҷомеа, ободии сарзамини худ, пешрафти иқтисоди миллиамон ва амалӣ гардидани ҳамаи ҳадафҳои неки давлату ҳукумат, аз ҷумла пурра ба фаъолият шурӯъ намудани иншооти муҳими аср- НБО-и «Роғун» бо азму талоши дучанд камари ҳиммат бандем.