Прокурори генералии Тоҷикистон дар Вашингтон бо директори Бюрои федералии тафтишоти ИМА (ФБР) мулоқот намуд

Ноябрь 9, 2018 09:28

ДУШАНБЕ, 09.11.2018./АМИТ «Ховар»/. Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон 6 ноябр дар Вашингтон бо  директори Бюрои федералии тафтишоти (ФБР) Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Рэй мулоқот  анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Дар мулоқот  роҳбари  ФБР ба Прокурори генералии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар баррасии   амали террористӣ – куштори  сайёҳон дар ноҳияи Данғара изҳори сипос  намуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни  Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва ФБР, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ – терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро баррасӣ карданд.

Юсуф Раҳмон ва Кристофер Рэй изҳор доштанд, ки ба густариши ҳамкориҳо омодаанд.

Ёдовар мешавем, ки 29 июли соли равон  дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара чанд ҷинояткор ба гурӯҳи сайёҳони дучархасавори хориҷӣ ҳамла оварданд. Дар пайи он 4 нафар сайёҳон кушта шуда, ду тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Бюрои федералии тафтишот (Federal Bureau of Investigation, FBI, ФБР) идораи давлатӣ дар назди Вазорати адлияи ИМА  ва ба Прокурори генералии ин мамлакат тобеъ  мебошад. Ин идора аз соли 1908 фаъолият мекунад.

Ноябрь 9, 2018 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид