Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстии Франсия ва Осиёи Марказӣ мулоқот намуд

Ноябрь 13, 2018 11:45

ДУШАНБЕ, 13.11.2018./АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстии Франсия ва Осиёи Марказӣ дар Ассамблеяи миллии ин мамлакат Патрис Вершер баргузор гардид.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Франсия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонии ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

Шукурҷон Зуҳуров ва Патрис Вершер доир ба роҳу воситаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба, хусусан тариқи афзоиши табодули сафарҳои намояндагони баландпояи Тоҷикистон ва Франсия мубодилаи афкор намуданд.

«Зимни суҳбат таваҷҷуҳи ҷониби Франсия ба иқтидору имкониятҳои фаровони рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг ҷалб карда шуд. Дар ин радиф, аҳамияти тавсеаи пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои мутақобила байни Тоҷикистон ва Франсия барои ғанигардонии ҳамкорӣ бо мазмуну мундариҷаи мушаххас таъкид гардид»,-илова намуд манбаъ.

Дар мулоқот ҳамчунин дар атрофи амнияти минтақа, хосатан  Афғонистон гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Ноябрь 13, 2018 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид