Раиси Палатаи қонунгузории Парлумони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон омад
ДУШАНБЕ, 20.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 19 ноябр Раиси Палатаи қонунгузории Парлумони (Олий Маҷлиси) Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.
Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов, меҳмони олиқадрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ Олим Салимзода ва масъули раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ истиқбол намуданд.
Дар доираи сафари расмияш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Палатаи қонунгузории Парлумони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот менамояд.
Ҳамчунин дар назар аст, ки Раиси Палатаи қонунгузории Парлумони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов аз Осорхонаи миллӣ, толорҳои «Кохи Наврӯз», корхонаи саноатии «Ноқили Талко», Неругоҳи барқи обии «Норак» ва обанбори он, китобхонаи шаҳри Норак, Боғи фарҳангу фароғатии Мир Алишер Навоӣ дидан намояд.










Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






