«ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ: БО РОҲИ ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе бахшида ба 25–умин солгарди ба имзо расидани «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» намоишгоҳ доир мегардад

Ноябрь 22, 2018 08:53

ДУШАНБЕ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Маросими ифтитоҳи расмии Намоишгоҳи «Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ», ки ба 25–умин солгарди ба имзо расидани «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» аз 25 майи соли 1993 бахшида шудааст, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар назар аст, ки дар маросим намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати олирутбаи Федератсияи Россия, аз ҷумла аз Дастгоҳи Президенти Федератсияи Россия, Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия, Вазорати маорифи Федератсияи Россия, инчунин олимон ва дигар шахсони расмӣ иштирок кунанд.

Ҳамчунин дар ҳошияи намоишгоҳ имрӯз Конференсияи байналмилалии илмӣ ба муносибати  110-солагии олими барҷастаи тоҷик, шахсияти сиёсӣ ва ходими давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров, муаррифии китоб-феҳраст бо номи «Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ» ва намоиши аксҳои мусаввирони Тоҷикистону Россия доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаҳои Конференсияи байналмилалии илмӣ бахшида ба 110-солагии академик Б. Ғафуров дар се бахш 23 ноябр дар Академияи илмҳои Тоҷикистон идома меёбанд.

Ноябрь 22, 2018 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон