«ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ: БО РОҲИ ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе бахшида ба 25–умин солгарди ба имзо расидани «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» намоишгоҳ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Маросими ифтитоҳи расмии Намоишгоҳи «Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ», ки ба 25–умин солгарди ба имзо расидани «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» аз 25 майи соли 1993 бахшида шудааст, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки дар маросим намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати олирутбаи Федератсияи Россия, аз ҷумла аз Дастгоҳи Президенти Федератсияи Россия, Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия, Вазорати маорифи Федератсияи Россия, инчунин олимон ва дигар шахсони расмӣ иштирок кунанд.
Ҳамчунин дар ҳошияи намоишгоҳ имрӯз Конференсияи байналмилалии илмӣ ба муносибати 110-солагии олими барҷастаи тоҷик, шахсияти сиёсӣ ва ходими давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров, муаррифии китоб-феҳраст бо номи «Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ» ва намоиши аксҳои мусаввирони Тоҷикистону Россия доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаҳои Конференсияи байналмилалии илмӣ бахшида ба 110-солагии академик Б. Ғафуров дар се бахш 23 ноябр дар Академияи илмҳои Тоҷикистон идома меёбанд.








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






