Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамкории зич ба роҳ мемонанд
ДУШАНБЕ, 21.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 87-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол», ки аз 18 то 21 ноябр доир гардид, иштирок намуд.
20 ноябри соли равон дар доираи ҷаласаи мазкур Рамазон Раҳимзода бо муовини аввали Вазири корҳои дохилии Аморати Муттаҳидаи Араб Сайф Абдулло Ал-Шафар мулоқот кард.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, муқобилият бар таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати беҳтару пурзӯртар намудани ҳамкорӣ дар самтҳои мазкур иброз доштанд.
Мавриди зикр аст, ки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иштирок дар ҷаласаи мазкур як зумра вохӯриҳо доир намуда, аз талошҳои пайвастаи Тоҷиктистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб сухан кард.








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






