Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 87-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол» иштирок дорад

Ноябрь 19, 2018 13:40

ДУШАНБЕ, 19.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб  дар ҷаласаи 87-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол»  иштирок дорад.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷаласаи мазкур дирӯз, 18 ноябр ифтитоҳ гардида, то 21 ноябри соли равон идома меёбад.

«Дар ҷаласа намояндагони 136 давлати ҷаҳон масъалаи таҳдидҳои замони муосир, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд»,- илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки зимни ҷаласа вохӯриҳои дуҷонибаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар назар аст.

 

Ноябрь 19, 2018 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид