Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкории мақомоти корҳои дохилиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 29.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, генерал-майори милитсия Кашкар Ҷунушалиев мулоқот анҷом дод.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мулоқот ҷонибҳо қавӣ намудани ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, мусоидат намудани мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар ба ҳамкории марзии ду давлати бо ҳам дӯсту ҳамсоя ва инчунин омӯзиши самтҳои кории кормандони мақомоти корҳои дохилии тарафайнро баррасӣ намуданд.
«Рамазон Раҳимзода ва Кашкар Ҷунушалиев тақвияти ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҳама гуна ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму экстремизмро мавриди баррасӣ қарор доданд», — иттилоъ дод манбаъ.
Вазирони корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳавасмандии хешро ба тақвияти ҳамкории пайваста ва муштарак баён доштанд.








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






