Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба муомилот баровардани пули қалбакиро пешгирӣ намуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳолати ҷиноятии ба муомилот баровардани пули қалбакӣ ва қоғазҳои қиматнокро дар ҳудуди вилоят ошкор ва пешгирӣ намуданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, воридоти асъори қалбакии евро — пули бонки марказии Аврупо ба қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрванди Федератсияи Россия Виданов Роман Владимирович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Новосибирск анҷом дода шудааст.
«18 ҳазор евро купюраҳои 500-евроӣ буда, тибқи хулосаи ташхис бе риояи талаботи технологӣ сохтакорӣ шудаанд»,- хабар дод манбаъ.
Гумонбаршуда баъди иваз намудани 5 ҳазор евро дар яке аз бонкҳои ноҳияи Б.Ғафуров дастгир карда шуда, баъди кофтукови шахсӣ аз ӯ дар маҷмӯъ 36 адад купюраи қалбакии 500- евроӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, мутобиқи маълумоти фаврӣ, гумонбаршуда ду маротиба бо моддаи 158 Кодекси ҷинояти Федератсяи Россия барои дуздӣ суд шудааст ва аъзои шабакаи фаромиллии ҷиноятиест, ки ба сохтакории асъори қалбакӣ сару кор доранд.
Виданов Роман Владимирович асъори қалбакиро дар Ҷумҳурии Қирғизистон дастрас намудааст ва аз рӯи дастури гирифта, ба муомилот баровардани он бояд дар Тоҷикистон сурат мегирифт. Бо ин мақсад тавассути гузаргоҳи расмии минтақаи Исфара вориди Тоҷикистон шудааст.
Айни ҳол барои ба муомилот баровардани пули қалбакӣ нисбат ба гумонбаршуда бо моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Мақомоти милитсия шаҳрвандонро ҳушдор медиҳанд, ки асъори хориҷиро аз бонкҳо дастрас ё дар нуқтаҳои махсуси мубодилавӣ иваз намуда, манфиати молу мулкии худро ҳифз намоянд.








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






