Владимир Жириновский: «Мо бояд аз истифодаи истилоҳи «авф» нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ худдорӣ намоем»
ДУШАНБЕ, 01.11.2018/АМИТ «Ховар»/. Мо тасмим дорем, ки дар оянда тарҳи қонунеро «Дар бораи мақоми махсуси шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия» пешниҳод ва қабул намоем, то онҳо тавонанд озодона рафтуо намоянд. Ин нуктаро дар суҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе Раиси Ҳизби либерал-демократии Россия Владимир Жириновский баъд аз мулоқот бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баён дошт.
Мавсуф афзуд, ки чунин раванд ба баланд бардоштани мақоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Россия фаъолият менамоянд, мусоидат хоҳад кард. «Мо мехоҳем ҳатто замимаеро дар шиносномаҳои миллии шаҳрвандони Тоҷикистон бо забони русӣ илова созем, то полис ҳангоми тафтиш бинад, ки маълумот дар бораи ин шаҳрванд бо забони русӣ ҳам сабт шудааст»,- изҳор дошт В. Жириновский.
Зикр шуд, ки дар оянда Ҳизби либерал- демократии Россия тасмим дорад дар Тоҷикистон Маркази захиравӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Россия барои кор мераванд, таъсис дода, дар он омӯзиши забони русӣ ва ихтисосҳоро ба роҳ монад. Инчунин он барои фиристонидани омӯзгорони забони русӣ ба Тоҷикистон ва китобу адабиёти гуногун мусоидат хоҳад кард.
Дар посух ба саволи хабарнигорон дар иртибот ба авфи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки қаблан аз қаламрави Россия бо сабабҳои гуногун хориҷ гардидаанд, Владимир Жириновский гуфт, ки «мо бояд дигар аз истифодаи истилоҳи «авф» нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ки аз ҳудуди Россия ихроҷ гардидаанд, худдорӣ намоем, зеро муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиноят содир накардаанд. Онҳо аз ҳудуди Россия аз ҷониби мақомоти марбута бо сабабҳое ихроҷ карда шудаанд, ки ба надонистани қонунҳои буду бош дар қаламрави Россия, ба мисли реҷаи шиносномавӣ, дар ҷои зист ба қайд нагирифтан, напардохтани андоз ва дигар ҳуҷҷатҳо иртибот доранд. Ин нафарон аз варақаи ихроҷшудагон озод карда шуда ва ё аз «рӯйхати сиёҳ» бароварда мешаванд ва ҳуқуқ доранд, ки озодона ба Россия сафар намоянд»,-таъкид кард бо ҳимоя аз ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Россия Владимир Жириновский.








Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






