ЗИКРИ ХАЙР. Ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
ДУШАНБЕ, 09.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар даромадгоҳи бинои шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ, воқеъ дар сари роҳи калони Душанбе – Хуҷанд лавҳаи ёдгорӣ бо аксе насб гардидааст, ки дар зери он сатрҳои зерин сабт шудаанд: «Мирзосаидалӣ Сайфиддинов, (1926-1997), иштирокчии ҶБВ, солҳои 1971-1982 сардори ШКД-и ноҳияи Айнӣ». Мавсуф то он дам тақрибан сӣ сол дар мақомоти милиса дар ноҳияҳои Панҷ, Вахш, ҳозира шаҳрҳои Бохтару Леваканд адои вазифа намуда буд. Ӯ аз зумраи нафароне буд, ки дар ҳар гӯшаю канори ҷумҳурӣ бо ҳисси баланди ватандӯстию масъулият, софдилонаю хоксорона хизмат мекарданд. Дар зер мо хотираҳои яке аз чеҳраҳои намоёни мақомоти тартиботи ҷамъиятӣ, генерал-лейтенанти милитсия Мирзо Ҷоновро манзури хонандагон мегардонем
Собиқаи кории ман дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чил соли расоро ташкил медиҳад. Солҳои 1973-1984 вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро ба ӯҳда доштам. Аз ин қабл сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Марказии пойтахт ва баъдан сардори идораи тафтишоти ҷиноятии вазорат будам.
Дар ин муддат бо бисёр касон шинос, ёру ошно ва ҳамкор гардидам. Аксарияти онҳо чун одамони поквиҷдон, масъулиятшинос ва ба касби худ содиқ дар хотирам нақш бастаанд. Шодравон Мирсаидалӣ Сайфиддинов, ки ман ӯро одатан кӯтоҳакак Сайдалӣ меномидам, аз ҷумлаи онҳо буд. Ман ӯро хеле барвақт, аз давраи дар шаҳри Қӯрғонтеппа кор карданаш мешинохтам. Махсусан баъд аз он, ки Сайдалиро сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Калининобод, ҳозира Сарбанд таъйин намуданд, мо зуд-зуд дар маҷлисҳои умумӣ ва ҷаласаҳои ҳайати мушовараи вазорат вомехӯрдем.
Салому алейкамон ҳамеша гарм ва самимӣ буд. Сабабаш шояд дар он бошад, ки аз аввал ситораҳоямон ба ҳам мувофиқ омада буд. Дигар кормандони вазорати мо ва сардорони шаҳру ноҳияҳо ҳам ӯро барои якрӯ ва ҳақгӯ буданаш ҳурмат мекарданд. Агар фурсат даст диҳад, мо баъд аз маҷлисҳо дар ягон ошхона ҳамроҳ нишаста, нон мехӯрдем.
Ман хуб огоҳ будам, ки ба сардори милитсия дар шаҳри Калининобод чандон осон нест. Зеро дар он ҷо аҳолиро асосан мардуми омада, намояндагони халқҳои гуногун ташкил медоданд. Бар замми ин дар шаҳр, агар бо забони милисаҳо гӯем, «контингенти махсус», яъне маҳбусони шартан аз озодӣ маҳрумшуда зиндагӣ ва кор мекарданд. Ёдам ҳаст, боре ҷинояткорон бо мақсади ниқоргирӣ як корманди милисаро дар ин ҷо кушта, ҷасадашро ба дарё партофта буданд. Ин ҳолат аз кормандони милитсия масъулияти хосса ва омодабошии ҳамешагӣ тақозо менамуд.
Сарфи назар аз ҳама гуна мушкилот Сайдалӣ Сайфиддинов уҳдабароёна кор мекард ва тартиботи ҷамъиятиро дар шаҳр таъмин менамуд. Дар ҳамон давра унвони Аълочии милитсияи советиро гирифта буд, ки нишони қадрдонии хизматҳояш мебошад. Дар яке аз маҷлисҳо вазири ҳамонвақтаи мо, генерал-лейтенант Бобо Маҳкамов ба ин муносибат дар ҳаққи Сайдалӣ суханҳои нек гуфта, ба кораш баҳои баланд дод. Аз вазири сахтгирамон шунидани чунин суханҳо хеле кам насиб мегардид.
Аслан ҳамаи мо, аз ҷумла Сайдалӣ Сайфиддинов ҳам шогирдон ва дастпарварони ҳамин роҳбари ботаҷриба, хирадманд ва дурандеш будем. Генерал дар масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, махсусан сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо, ниҳоят ҷиддӣ муносибат мекард. Дар навбати аввал салоҳиятнокӣ, дониши ҳуқуқӣ, мардонагии онҳоро ба эътибор мегирифт.
Боре бо сафари хизматӣ ба шаҳри Панҷакент рафта будам. Дар он ҷо ҷинояти вазнин содир шуда буд ва маро барои мусоидат намудан ба гурӯҳи оҷили тафтишотӣ сафарбар намуда буданд. Даҳ рӯз пас, баъди ошкор шудани ҷиноят роҳи бозгаштро пеш гирифтам. Чун озими ноҳияи Айнӣ шудам, хостам сари қадам дӯсти деринаам Сайдалиро, ки чанде пеш дар ин ҷо ба ҳайси сардори милитсия ба кор шурӯъ карда буд, дида равам. Чун бо ӯ рӯ ба рӯ шудам, Сайдалӣ чеҳрахандон сӯям шитофт. Ҳарду аз дидори якдигар беҳад хурсанд будем.
Он рӯз, ҳарчанд баҳонаи зиёд пеш овардам, Сайдалӣ маро аз роҳ боздошт. «Омадан бо иродат, рафтан бо иҷозат» мегуфт. Дар бӯстонсарои ҳукумати ноҳия то поси шаб суҳбат кардем, аз ёру дӯстон, аз ҷумла устод ва сардори собиқамон Бобо Маҳкамов ёдовар шудем. Ба ҷои ӯ Нусратулло Абдулҳақов, ки то он вақт дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ҳизбию давлатӣ кор карда буд, вазир таъйин шуд. Чун аз вазири нав сухан рафт, Сайдалӣ як мушоҳидаи худро дар бораи ӯ ба ман ҳикоят кард. Вазири нав, — гуфт ӯ, — ҳарчанд корманди касбии милитсия набошад ҳам, одати хуб доштааст, ба гапи одамони таҷрибанок гӯш медиҳад ва маслиҳатҳои ононро ба инобат мегирад. Ин баҳои дӯстам ба ман хуш омад, зеро худам низ дар ҳамин ақида будам. Одами закӣ ва бофаросат будани Сайдалӣ боз як бор бароям собит гашт.
Рӯзи дигар Сайдалӣ маро то мавзеи хушманзараи Оби Кумарг, ки дар сари роҳи калон аст, гусел намуд. Оби сарди зулол, насими хуш ва манзараҳои дилфиреб ба ёдам замони кӯдакӣ ва зодгоҳам — деҳаи Қалъаи Дашти ноҳияи Файзободро оварданд.
Ба Сайдалӣ гуфтам:
— Ту сӣ соли умратро дар водии паҳновари Вахш гузарондӣ. Акнун ба кӯҳистон одат мекарда бошӣ?
— Аввалаш ин кӯҳистон ватани бобоии ман аст,- бо табассум гуфт ӯ. — Сониян, ману шумо сарбоз ҳастем, дар ҳар ҷое, ки лозим бошад, хизмат мекунем.
Воқеан ӯ сарбози ҳақиқии касби хеш буд ва то охир ҳамин хел монд.
Ёдаш ба хайр!
15.XI.2003.
P.S. ҶОНОВ Мирзо, таваллудаш соли 1929, зодгоҳаш деҳаи Очилдии ноҳияи Файзобод, генерал-майори милитсия. Баъди хатми мактаби 7-солаи деҳаи Қалъаи дашт муддате колхозчӣ буд. Соли 1949 Омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло ш. Ваҳдат) ва соли 1954 Омӯзишгоҳи милитсияи ш. Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1954 — 82 милиса ва сардори ШКД-и ноҳияи Роҳи оҳани (ҳоло Шоҳмансури) ш. Душанбе, солҳои 1982 — 85 ҷонишини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1985 — 94 директори мактаби ҳарбии ба номи Суворов буд.
Бо ордени «Шарафи меҳнат» ва медалҳову ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст. Соли 2004 вафот кардааст.