Ҷаласаи якуми Шӯрои ҳарбии муштараки мақомоти сарҳадии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир гардид

Декабрь 24, 2018 13:30

ДУШАНБЕ, 24.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. 21-22 декабри соли равон дар шаҳри Гулистон ҷаласаи якуми Шӯрои ҳарбии муштараки Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Шӯрои ҳарбӣ Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти давлатии амнияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Руслан Мирзоев, роҳбарони сохторҳои марбута ва намояндагони Қӯшунҳои сарҳадии ҳарду давлат иштирок намуданд.

Роҳбарони мақомоти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирокдорони ҷаласаи якуми Шӯрои ҳарбии муштаракро дар сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, дар суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки чунин гуфтушунидҳо дар марҳилаи нави рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон аҳамияти муҳим доранд.

Зикр гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи ҳарду давлати ба ҳам дӯст ҳамеша бо хусусияти неки ҳамсоягӣ, якдигарфаҳмӣ, боварӣ ва пешрафти минбаъдаи тараққиёт, ки ба таъмини амният ва шукуфоии сулҳу суботи халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон равона карда мешаванд, фарқ мекунанд.

Вохӯрӣ дар шакли Шӯрои ҳарбии муштарак бори аввал баргузор мешавад. Он идомаи барқароршавии тамоми муносибатҳои анъанавии дӯстӣ байни мақомоти мо маҳсуб ёфта, ба таври возеҳ аз рушди муҳими ҳамкории мутақобилан судманд ба манфиати таъмини амнияти марзҳои кишварҳои мо шаҳодат медиҳад.

Муҳаммад Улуғхоҷаев зикр кард, ки дар Шӯрои ҳарбӣ маърӯзаи ҳарду ҷониб дар бораи вазъияти сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва тамоюли рушд, дар бораи натиҷаҳои фаъолияти муштарак ва татбиқи Нақшаи ҳамаҷониба оид ба ҳамкорӣ ва ҳамкории Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон дар соли 2018, дар бораи фаъолияти намояндагони сарҳадӣ ва фаъолияти мақомоти назорати сарҳадӣ шунида шуданд.

Шӯрои ҳарбӣ қарор кард, ки фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин фаъолияти гурӯҳҳои кории байни мақомоти сарҳадии ҳарду давлат барои ҳалли масъалаҳои муҳим ҷоннок карда шаванд.

Лоиҳаи маҷмӯи нақшаҳои муштарак ва ҳамкории мақомоти сарҳадии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои соли 2019 муҳокима ва таҳия карда шуд. Мақсади он таҳкиму густариш бахшидан ба муносиботи мутақобилан судманд ва таъмини боэътимодии сарҳади давлатӣ мебошад, ки имкон медиҳад ҳамаи супоришҳои оид ба фаъолияти муштараки мақомоти марзбонӣ додашуда иҷро гарданд.

Дар охир аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи якуми Шӯро роҳбарони мақомоти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон санадҳои дахлдор имзо намуданд.

Декабрь 24, 2018 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд