АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дар Суғд бунёди 170 корхонаву коргоҳи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст

Декабрь 22, 2018 09:15

ХУҶАНД, 22.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 манзур гардида буд, ин таъсиси ҳарчи бештари коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, бахусус воридотивазкунанда ва ба ин восита таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ мебошад.

Дар робита ба ин масъала дар вилояти Суғд аз ҷониби роҳбарият ва масъулини сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамдастӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои аввалиндараҷа, рушди бозори истеъмолӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҳамзамон барои тавсеаи нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат ва таъмин намудани рушди босуръати соҳаи саноат ҷиҳати вусъат бахшидан ба истеҳсолоти воридотивазкунанда ва афзунгардонии иқтидори содиротии вилоят корҳои амалӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулини шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ давоми соли 2018 дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар миқёси вилоят 88 корхонаву коргоҳи нав бо 1406 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуданд.

Ташкили иқтидорҳои нави истеҳсолӣ имкон дод, то ки саҳми соҳа дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ тадриҷан зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят ба 12 млрд 766 млн 200 ҳазор сомонӣ расонида шавад. Дар ин росто, ҳиссаи истеҳсолоти саноатӣ дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 32,1 фоизро ташкил додааст.

Инчунин зикр гардид, ки ҳиссаи соҳаи саноати вилояти Суғд дар ташаккули ҳаҷми маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ хеле назаррас буда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ давоми 11 моҳи соли 2018 ба 10 млрд 300 млн 800 ҳазор сомонӣ расонида шудааст. Ин ба 108,7 фоизи ҳамин давраи соли сипаришуда баробар мебошад.

Ҳамзамон бо ташкили коргоҳҳои нав, истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулоти саноатӣ, хосатан маҳсулоти воридотивазкунанда натиҷаҳои назаррас низ ба даст оварда шуданд. Аз ҷумла, истеҳсоли орд ба 228,3 ҳазор тонна, равғани растанӣ ба 3401,4 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ ба 63,7 ҳазор тонна ва нӯшокиҳои бе спирт ба 4,7 млн. декалитр расонида шуд. Ҳамчунин  истеҳсоли либосҳои мактабӣ ба теъдоди 390 ҳазору 765 адад таъмин гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 113 ҳазору 164 адад зиёд мебошад.

Дар самти истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ пешравиҳо назаррас мебошанд. Аз ҷумла, истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот ба 17,0 млн. қуттии шартӣ баробар шуда, суръати афзоиш 102,8 фоиз таъмин гардид.

Инчунин дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят ба 1853,2 млн. доллари ИМА баробар шуда, суръати афзоиши содирот нисбат ба воридот зиёд гардид. Он мутаносибан 114,5 ва 94,3 фоизро ташкил намудааст. Нишондиҳандаи мусбати содирот асосан аз ҳисоби содироти маъдан ва консентрат, семент, нахи пахта ва либосворӣ таъмин гардидааст.

Дар ин робита тибқи иттилои масъулини раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд, дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2018 аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта 248 ярмаркаи ҷойҳои корӣ гузаронида шуданд. Тавассути ин ярмаркаҳо 1888 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гашта, инчунин ба 15 008 нафар барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудан мусоидат карда шудааст.

Дар маҷмӯъ, баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёди 170 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ бо 4915 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар соҳаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон 67 корхонаву коргоҳ, дар соҳаҳои саноати сабук 38, хӯрокворӣ 49, кимиё ва коркарди нафт 6, мошинсозӣ, коркарди фулузот ва электротехника 5, металлҳои ранга 3 ва дар соҳаи сӯзишворӣ 2 корхона бунёд карда мешаванд.

Абдуаҳад ШАРИФЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

Декабрь 22, 2018 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»