Бинои нави дидбонгоҳи сарҳадии «Файзободқалъа» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Отряди сарҳадии «Панҷ»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави дидбонгоҳи «Файзободқалъа» дар маросими тантанавӣ ба истифода дода шуд. Бинои нав дорои утоқҳои корӣ, хобгоҳи афсарону сарбозон, синфхонаҳои таълимӣ, китобхона, хонаи фароғатӣ, ҳаммом, ошхона ва майдончаи варзишӣ буда, ба меъёрҳои замони муосир ҷавобгӯ мебошад.
Сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки бинои дидбонгоҳ бо дастгирии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ бунёд шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи он Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Раиси ноҳияи Панҷ Маҳмадюнус Сайфиддинзода ва намояндагони сохторҳои қудратӣ сухан гуфтанд.
Зикр шуд, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ аз рӯзҳои аввали таъсис бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба як ниҳоди пурқудрати низомӣ табдил ёфта, феълан дорои шароити хуби хизматӣ, техникаву таҷҳизоти муосири марзбонӣ мебошад. Ин сохтори низомӣ зодаи истиқлолият буда, дар байни дигар мақомоти қудратӣ ҷавонтарин ва пурмасъулияттарин мақомот ба ҳисоб меравад. Он бо тамоми ҷузъу томҳояш аз рӯзҳои аввали таъсис то кунун уҳдадориҳои худро дар самти ҳифзи сарҳади давлатӣ муваффақона иҷро намуда истодааст.








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






