Дар Брюссел ҷаласаи Кумитаи ҳамкориҳои парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 29 ноябри соли 2018 дар бинои Парлумони Аврупо дар шаҳри Брюссел ҷаласаи ҳафтуми Кумитаи ҳамкориҳои парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар иҷлосияи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода ва ҷониби Иттиҳоди Аврупоро ҳайати вакилони Парлумони Аврупо таҳти роҳбарии Ивета Григуле –Петерс, роҳбари ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ намояндагӣ карданд.
Зимни иҷлосия масъалаҳои марбут ба ҳадафҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030, вазъи сиёсӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ, ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва татбиқи онҳо, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, вазъи маъюбон дар ҷомеа, волоияти қонун ва Стратегияи ИА нисбат ба Осиёи Марказӣ мавриди баррасии ширкаткунандагон қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди мубориза бо терроризм, экстремизм, вазъият дар Афғонистон ва нақши Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати мусоидат ба рушди кишвари мазкур иброз шуд.
Ҷонибҳо мавзӯоти роҷеъ ба рушди кишоварзӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зистро низ мавриди муҳокима қарор доданд.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






