Дар Душанбе ҷаласаи Комиссия оид ба ҷамъбасти мавсими ҳаҷ — 2018 ва омодагиҳо барои мавсими 2019 доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 декабр, дар ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатӣ бо иштироки аъзои Комиссия оид ба ҷамъбасти мавсими ҳаҷи соли 2018 ва омодагӣ барои баргузории мавсими соли 2019 баргузор гардид.
Муовини Сарвазир ҳангоми таҳлил ва ҷамъбаст зикр намуд, ки дар мавсими «Ҳаҷ-2018» дар қатори муваффақиятҳо камбудиҳои назаррас, ба монанди сари вақт нарасонидани кумаки аввалияи тиббӣ, бо вуҷуди донистани забони арабӣ аз фарзияти ҳаҷ ва касбияти кор бархўрдор набудани баъзе роҳбаладон ва бо роҳҳои ғайрирасмӣ сафари шаҳрвандон ба ҳаҷ мушоҳида гардид. Азим Иброҳим изҳори умедворӣ намуд, ки масъулон дар мавсими ҳаҷи соли 2019 камбудиву норасоиҳоро ислоҳ намуда, ба зоирини тоҷик шароити хуб фароҳам меоранд. Инчунин таъкид намуд, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон барои ҳаҷи фарзӣ имконияти молиявӣ, шароити зиндагии оилаи онҳо ба инобат гирифта шавад.
«Миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамеша арзишҳои диниро чун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ мепазиранд, — гуфт муовини Сарвазири мамлакат. — Аммо аз таҳлилҳо бармеояд, ки иддае аз шаҳрвандон солҳои охир рафтани ҳаҷ, аз ҷумла ҳаҷҷи такрориро ба мусобиқа табдил дода, худнамоӣ мекунанд». Муовини Сарвазир зикр намуд, ки сарчашмаҳои диниву адабӣ ва ахлоқии халқҳои мутамаддину пешрафта хайру саховат ва эҳтирому қадршиносии якдигарро таълим дода, инсониятро ба зиндагии орому муназзам ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят кардаанд.
Тавре дар ҷаласа таъкид гардид, тибқи маълумоти сарчашмаҳо пайғамбари дини мубини ислом ҳамагӣ як маротиба ҳаҷи фарзиро ба ҷо овардаанд. Аз ин нуқтаи назар маблағи ҳаҷҷи такрориро барои бунёди роҳу кўчаҳои маҳаллаву деҳаҳо, сохтмони пул, гузаронидани қубури об, таъмиру бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу боғча, бунгоҳи тиббию беморхона, китобхона ва ғайра сарф кардан ва ё ҳамчун садақаи ҷория барои дастгирии ятимон равона сохтан савоби бештар дорад.
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ уҳдадор гардиданд, ки ташкил ва гузаронидани раванди сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, саҳми арзандаи худро барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани азизамон гузоранд.








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






