Дар Душанбе ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид

Декабрь 12, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 12.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо  муовини раиси Шӯрои миллии сиёсии машваратии музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Ванг Ёонг ва ҳамроҳонаш, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, мулоқот намуд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон  ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо зимни суҳбат масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр шуд, ки робитаҳои байнипарлумонӣ ба раванди мукаммал гардонидани ҳамшарикии дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин бо мазмуну мундариҷаи нав метавонанд дар сатҳи назаррас мусоидат намоянд.

«Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ ва илмию фарҳангӣ, ки самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба  ташкил медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳони густариши минбаъдаи онҳо гардиданд»,- хабар дод манбаъ.

Бояд гуфт, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон намудани сиёсати «дарҳои боз» робитаҳои мутақобилаи мамлакати мо бо кишварҳои хориҷӣ дар сатҳи назаррас ба роҳ монда шудаанд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун шарики стратегӣ дар ин миён мақоми хос дорад.

Дар мулоқот инчунин доир ба ҳамкории ду ҷониб дар доираи  созмонҳои  бонуфузи байналмилалӣ табодули назар карда шуд.

Декабрь 12, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид