Дар Душанбе бахшида ба фарорасии Соли нав ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 18.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 31 декабри соли 2018 дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд. Ин ярмаркаҳо дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи Соли нави мелодии 2019 ташкил карда мешаванд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кишоварзони вилояти Суғд дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, деҳқонони шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Лахш, Файзобод, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва Сангвор дар бурриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор ва ноҳияҳои Шаҳринаву Рӯдакӣ дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва деҳқонони вилояти Хатлон дар майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро ба сокинону меҳмонони шаҳр бо нархҳои дастрас пешниҳод менамоянд.
Ҳамчунин дар ярмаркаҳо аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Агентии захираҳои моддии давлатӣ маҳсулоти мавриди ниёзи аввал манзур карда мешавад.
Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани ин ярмаркаҳо, ҷойгир кардани ғуфра ва растаҳои савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Раиси шаҳр ҳамчунин бо ин қарор сохторҳои марбутаи пойтахтро вазифадор намуд, ки риояи қоидаҳои савдо, тартиботи ҷамъиятӣ ва зиддисӯхторӣ, сифат, нархи маҳсулот ва талаботи санитарию гигиениро дар доираи салоҳияти худ таъмин намоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал даъват менамояд.











Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд






