Дар Маҷлиси намояндагон оид ба мавзӯи «Дипломатия ва одоби ташрифоти расмӣ» машварат баргузор гардид

Декабрь 6, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 06.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо  иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони масъули дастгоҳи Парлумони касбии мамлакат дар мақоми олии қонунбарори кишварамон оид ба мавзӯи  «Дипломатия ва одоби ташрифоти расмӣ»  семинари машваратӣ баргузор гардид.

Дар назди иштирокчиёни семинари мазкур мудири шуъбаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва протоколии дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Хушмуҳаммад  Нуриддинзода иброз намуд, ки сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик  яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати давлат ва фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.  Ба таърихи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ назар афканда, мебинем, ки дар ин самти муҳим корҳои арзанда ба анҷом расида, дар баланд бардоштани иқтидори кишвар ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои зиёд рӯи кор омадаанд.

Бо шарофати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи тоҷик дар даврони истиқлолият дар ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ-бартараф кардани низои дохилӣ тавассути ҷараён додани гуфтушунид бо мухолифин, бартараф сохтани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ, рушду тавсеа бахшидан ба ҳамкории иқтисодӣ бо ҳамёрони хориҷӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба лоиҳаҳои гуногуни кишвар нақши муассир дошт.

-Тайи солҳои   охир,  -гуфт Хушмуҳаммад  Нуриддинзода,-  бо ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  бо шарофати дипломатияи сиёсати «дарҳои боз» ва ҷалби кишварҳои гуногун ба ҳамкории судманд дар кишвар лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои  саноат, энергетика, коммуникатсия амалӣ шуданд, ки барои рушди устувори давлати мо заминаҳои мустаҳкам гузоштанд. Дигар самти муҳим — иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар ҳалли масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад, ки дар ин маврид низ дастовардҳои мо чашмрасанд.

Маҳз бо шарофати дипломатияи тоҷик чандин ташаббусҳои кишвари мо, бахусус дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика, мубориза алайҳи терроризм, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон аз ҷониби соири кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфта, тадриҷан амалӣ мешаванд.

Дипломатия – ин пешниҳоди малакаи зеҳнӣ дар муносибати расмии байни давлатҳои мустақил буда, ба таври дигар ҳамчун муносибати корӣ ё муоширати байни давлатҳо дар фазои сулҳ низ маънидод мегардад.

Дар донишгоҳи Оксфорди Лондон дипломатияро аз соли 1897 инҷониб меомӯзонанд. Дипломатҳои бузурги асрҳои гузашта, ба монанди Наполеон,  Ришеле, Талейран ва дипломатҳои муосир, ба монанди Лавров С.В. ва академик Талбак Назаров дар ин соҳа ҳамчун нобиғаҳои дипломатияи дунявӣ нақши худро гузоштаанд.

Дар забони англисӣ калимаи дипломатияро зиёда аз ду аср боз бо мафҳуми сиёсати хориҷӣ якҷоя истифода мебурданд, ки ин хато солҳои охир бартараф гардид. Дипломатияро ҳамчун риштаи пешбарандаи сиёсати хориҷӣ меҳисобанд, на сиёсати хориҷӣ.

Дар анҷоми мулоқот Хушмуҳаммад  Нуриддинзода ба саволҳои сершумори ҳозирин посух гуфт.

Декабрь 6, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Ҷаласаи 16-уми пленарии Ассамблеяи парламентии Осиё дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн баргузор гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
Дар ҳошияи Ассамблеяи парламентии Осиё таҳкими ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд