Дар Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои 5 лоиҳаи нав ба имзо расиданд

Декабрь 19, 2018 16:45

ДУШАНБЕ, 19.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои 5 лоиҳаи нав баргузор гардид. Созишномаҳо  кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ «GGP» буда, маблағи умумии грантҳо 441,814 доллари ИМА- ро ташкил медиҳанд.

Аз ҷумла, «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Ҷомӣ» бо маблағи 91,870 доллари ИМА, «Лоиҳаи сохтмони бинои нави мактаби №60 дар ҷамоати Ҷавонони ноҳияи Файзобод» бо маблағи 89,282 доллари ИМА, «Лоиҳаи сохтмони бинои нави мактаби №7 дар деҳаи Деҳқонободи ҷамоати Оби Гарми шаҳри Роғун»  бо маблағи 89,249 доллари ИМА, «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ барои Маркази тиббии шаҳри Душанбе» ба маблағи 89,222 доллари ИМА ва «Лоиҳаи сохтмони бинои нави мактаби №79 дар деҳаи Сариҷӯйи ҷамоати Иззатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод» бо маблағи 82,191 доллари ИМА аз ҷумлаи лоиҳаҳое мебошанд, ки дар чаҳорчӯбаи GGP маблағгузорӣ мешаванд.

Созишномаи 5 лоиҳаи навро Сафири Фавқулода ва  Комилҳуқуқи Япония дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока ва намояндагони мақомоти пазирандаи кумакҳо ба тасвиб расониданд.

Ҳаҷимэ Китаока дар баробари таҳкими муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистон ва Япония азми қатъии кишварашро на танҳо ҷиҳати таъмини кумакҳои амнияти башарӣ баҳри дастгирии мардуми Тоҷикистон, балки барои аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар беҳдошти сатҳи зиндагии ҷамоатҳои деҳот ба таври хосса таъкид кард. Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки лоиҳаҳои Барномаи Ҳукумати Япония дар самтҳои мухталифи саросари кишвар амалӣ гашта, махсус барои аҳолии минтақаҳои дурдаст шароити мусоид фароҳам меоранд. Инчунин онҳо  дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Ҳамчунин мақомоти пазирандаи грантҳо низ бо истифода аз фурсати муносиб бартарии чунин лоиҳаҳоро тавзеҳ дода, ба Ҳукумат ва мардуми Япония изҳори сипос намуданд ва ваъда доданд, ки ба ҳамаи ҳадафҳои тасдиқшудаи лоиҳаҳо мерасанд.

Ёдовар мешавем, ки кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ- “GGP” тарҳи Барномаи расмии Япония оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи қисми зиёди аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд. Кумакҳои бебозгашт ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб кумакҳои бебозгашт 394 лоиҳаро ба маблағи умумии $31.9 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Декабрь 19, 2018 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст