Дар Қубодиён посгоҳи марзии «Фазо» ба истифода дода шуд

Декабрь 1, 2018 09:45

ДУШАНБЕ, 01.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 30 ноябр, посгоҳи марзии «Фазо» дар ноҳияи Қубодиён, воқеъ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими  ифтитоҳи посгоҳи нав Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт ширкат намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуотии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ медиҳад, посгоҳи нав, ки барои бунёди он Бюрои байналмилалии мубориза бо маводи мухадир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти давлатии ИМА  500000 доллар маблағгузорӣ намудааст, аз сарбозхонаҳо, идораи афсарон, ҳоҷатхона, ошхона, чоҳи об ва обанбор барои нигоҳдории об иборат аст. Ин иншоот маскани се афсар ва 35 сарбози қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон хоҳад буд.

Посгоҳи «Фазо», ки дар асоси созишнома бо Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ сохта шудааст, барои истифода омода аст ва бо лавозимоти рӯзғор, катҳои хоб, асбобу ашёи ошхона ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва  Кевин Коверт  зимни суханронии худ аҳамияти кори сарҳадбононро таъкид ва дастгирии ИМА-ро аз Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳимояи марзҳои худ тасдиқ намуданд ва изҳор намуданд, ки  Тоҷикистон шарики муҳимми Стратегияи Осиёи Ҷанубии ИМА мебошад, ки ҳадафи он беҳтар кардани амният, субот ва осоишӣ дар саросари минтақа аст. Изҳори итминон карда шуд, қи ҳамкории Тоҷикистон ва  ИМА  ҷиҳати ҳифзи марзҳои давлатии Тоҷикистон ва таъмини  амнияту субот дар  Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ идома меёбад.

Декабрь 1, 2018 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид