Федератсияҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созишномаҳои нав ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 01.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Байни кумитаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, зимни сафари ҳайати Тоҷикистон ба Ӯзбекистон як зумра созишномаҳои ҳамкории соҳавӣ ба имзо расиданд. Тибқи ин созишномаҳо, аз ҷумла дар таътили тобистонаи соли оянда бачагону наврасони ҳарду давлат дар истироҳатгоҳҳои ҳамдигар ба таътил фаро гирифта мешаванд.
Сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳафтаи гузашта таҳти роҳбарии раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мамлакат Қодири Қосим се рӯз идома ёфт. Ба ҳайати корӣ раисони кумитаҳои иттифоқҳои касабаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кимиё, нақлиёт, ҳавопаймо, «Тоҷикметалл» ва НБО «Роғун» шомил буданд.
Ҳайати Тоҷикистонро дар кишвари дӯст аъзои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон бо нону намак хуш истиқбол гирифтанд.
Сипас, дар Кохи Иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон ҷаласаи тантанавӣ вобаста ба баимзорасии созишномаҳои соҳавӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи тантанавиро раисони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи ҳарду давлат ифтитоҳ бахшиданд. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Қудратулло Рафиқов ҳайати Тоҷикистон ва тамоми мардуми тоҷикро бо оғози чархаи аввали НБО «Роғун» табрик намуда, зикр кард, ки «аз бунёди ин иншооти нодири асри XXI хеле хушҳол гардидем. Зеро ин иншооти бузурги энергетикӣ аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, ба тавсеаи ҳамкории минтақавӣ такон мебахшад».
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Қодири Қосим низ аз ҳамкории самарабахши Тоҷикистону Ӯзбекистон ёдовар шуда, зикр кард, ки «вақтҳои охир ду халқи бародар – тоҷику ӯзбек ҷиҳати ҳамкорӣ ва дӯстиву рафоқат ба комёбиҳои нав ноил шуда истодаанд. Ин ҳама самара маҳз бо талошҳо, иродаи сиёсӣ, дурандешию хирадмандии Сарварони ду кишвари дӯсту бародар — Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба даст омада, робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлат дар тамоми самтҳо густариш меёбанд. Ба имзорасии ин созишномаҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ мусоидат менамоянд».
Иштирокдорони ҷамъомад доир ба дигар паҳлуҳои тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон- иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ибрози назар намуданд.
Намояндагони иттифоқҳои касабаи ҳарду давлат ба мувофиқа расиданд, ки ҷонибҳо бояд аз таҷрибаи якдигар омӯзишро ба роҳ монда, барои минбаъд ҳамкориро идома додан нақшаи чорабиниҳои алоҳидаро байни ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи худ таҳия ва роҳандозӣ кунанд.
Дар охир байни Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Тошканд Ёддошти тафоҳум, инчунин байни иттифоқҳои касабаи «Тоҷикметалл» ва иттифоқҳои касабаи «Металургия»-и Ӯзбекистон, байни иттифоқҳои касабаи тандурустӣ, маориф, нақлиёт ва фарҳанги ҳарду давлат созишномаҳои ҳамкории соҳавӣ ба имзо расонида шуданд. Инчунин дар соҳаи сайёҳӣ байни муассисаи сайру саёҳати иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Муассисаи сайру саёҳати иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Ҳайати Ӯзбекистон изҳор доштанд, ки мунтазам аз ҷониби аъзои худ барои роҳхат ба осоишгоҳҳои овазадори Тоҷикистон ва тамошои мавзеъҳои таърихию фарҳангии ин кишвар дархостҳо қабул мекунанд.
Баъд аз маросими баимзорасии созишномаҳо бо иштироки ҳайати Тоҷикистон ва аъзои иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон дар шаҳри Бекобод машварат доир гардид, ки дар он қариб 60 нафар аз ҳарду ҷониб иштирок доштанд. Дар машварат самти ҳифзи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии кормандон, аз ҷумла ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, фарогирӣ ба солимгардонӣ ва ҳолати молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз Тоҷикистон дар ин мавзӯъ муовини Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Исмоил Файзизода маърӯза намуд.
Дар доираи сафар ҳайати Тоҷикистон аз корхонаи маъдани шаҳри Бекобод дидан намуда, бо тарзи истеҳсоли ҳолати бехатарӣ, шароити зисти кормандон, аз ҷумла шароити меҳнати онҳо шинос шуд. Инчунин аз шаҳри бостонии Бухоро боздид намуда, бо фарҳанги мардуми ин шаҳр аз наздик шинос шуданд. Ҳангоми суҳбат бо аҳли заҳмат сокинони ин шаҳр қаноатмандӣ ва изҳори самимиятро ба роҳбарони давлатҳои ба ҳам дӯст-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев изҳор карданд.
Сафари мазкур дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди ҳарду давлат ва даъвати Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки 17 августи соли равон пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев маросими имзои санадаҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд, ки дар он 26 санад, аз ҷумла Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон ба имзо расид.