Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
ДУШАНБЕ, 06.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор шуд иштирок намуданд.
Сарони давлатҳои иштирокчии ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамгироии байнидавлатиро дар доираи иттиҳод мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба нақшаҳои кории минбаъда вобаста ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими амнияту бехатарӣ дар қаламрави давлатҳои аъзои иттиҳод табодули афкор намуданд.
Дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамзамон дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла муборизаи дастҷамъона ба муқобили терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ба амнияти минтақа ва ҷаҳон хатари ҷиддӣ доранд баррасӣ гардид.
Шоми ҳамин рӯз, пас аз анҷоми ҷаласаи ғайринавбатӣ бо даъвати Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар театри Мариинскийи шаҳри Санкт-Петербург аз балети «Щелкунчик» дидан карданд.









Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






