Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Чин бар зидди ҷиноятҳои муташаккил якҷоя мубориза мебаранд
ДУШАНБЕ, 12.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҳамкории муштараки Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати мубориза бар зидди терроризми Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самтҳои муқовимати якҷоя бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккил зимни сафари гурӯҳи кории Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ ба Чин баррасӣ карда шуданд.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, сафари кории мазкур ҷиҳати амалӣ намудани Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифта, мақсад аз он тақвияти ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни мақомоти корҳои дохилии ду мамлакат мебошад.
Ҷонибҳо натиҷаҳои дар давоми соли ҷорӣ бадастомадаро баррасӣ карда, хоҳони дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромилии муташаккил шуданд.
Дар доираи вохӯрӣ ҷиҳати самаранок ташкил ва амалӣ намудани ҳамкории дуҷониба Нақшаи чорабиниҳои муштарак барои соли 2019 ба расмият дароварда шуд.








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






