«МАРҲАБО БА ДУШАНБЕ!». Дирӯз дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии сайёҳӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 30.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Марҳабо ба Душанбе-шаҳри орзуҳо»- таҳти чунин унвон дирӯз бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии сайёҳӣ оғоз гардид.
Фестивали сайёҳӣ бо ҷонибдорӣ аз дастуру супоришҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ба иттилои манбаъ, мақсади асосии фестивали сайёҳӣ пойдор намудани риштаҳои дӯстӣ миёни шаҳрвандони кишвар, муаррифии фарҳангу анъанаҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, равнақ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ мебошад.
Дар фестивал зиёда аз 100 нафар намояндагони касбу кори гуногуни шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуда, бо тарзи хизматрасонӣ ба сайёҳон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» шинос гардиданд. Онҳо сипас аз Академияи Кембриҷ дар шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд. Дар ҷараёни кори фестивал меҳмонон ҳамзамон аз дигар мавзеъҳои фарҳангу фароғатӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе дидан менамоянд.
Инчунин нимаи дуюми дирӯз дар муассисаи давлатии Душанбе-Плаза таҳти унвони «Ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: 2019-2021- солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ-кафили рушди устувор» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Дар кори ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонон аз тамоми вилояту ноҳияҳои мамлакат ҷамъ омада, оид ба таъриху фарҳанг, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот ва равнақи минбаъдаи он дар қаламрави мамлакату ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани он маърӯза намуданд.
Инчунин иштирокдорон аз боғи фарҳангӣ-фароғатии Алишер Навоӣ ва шомгоҳон аз Арчаи асосии солинавии Душанбе боздид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали ҷумҳуриявии сайёҳӣ ду рӯз идома меёбад.










Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад






