«Марҳабо ба Душанбе!». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе фестивали сайёҳӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзҳои 28 — 30 декабри соли 2018 дар шаҳри Душанбе Фестивали сайёҳиро таҳти унвони «Марҳабо ба Душанбе!» баргузор менамоянд.
Дар Фестивали сайёҳӣ намояндагон аз ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷалб гардида, давоми 3 рӯз аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва маконҳои сайёҳии пойтахти кишварамон, аз ҷумла, «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Академияи Кембридж дар Душанбе, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, чойхонаи «Роҳат», Боғи фарҳангу фароғатии Низомуддин Алишер Навоӣ ва шоми Душанберо дидан менамоянд.
Ҳамзамон, дар ҳошияи Фестивали мазкур ҳамоиши сайёҳӣ вобаста ба тарғиби имкониятҳои шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Қобили зикр аст, ки чунин фестивалҳо давоми соли равон дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳти унвони «Марҳамат ба Хатлон», «Марҳабо ба Суғди бостон», «Хайрамақдам ба водии Рашт» ва «Салому пайғом аз Боми ҷаҳон» баргузор гардиданд.
Чорабиниҳои мазкур бо мақсади мусоидат намудан ба рушди устувори сайёҳӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи сайёҳӣ ва дар ин замина шиносоии намоядагони касбу кори гуногун ба воситаи сайёҳӣ аз дастовардҳои замони истиқлолият дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, фаъол гардонидани хатсайрҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии соҳа ва рушди сайёҳии дохилӣ роҳандозӣ гардидааст.








Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад






