«Модари саҳнаи тоҷик» — Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова 100-сола шуд

Декабрь 20, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 20.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Истеъдод» ба муносибати 100 — солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова  китоби наверо бо номи «Модари саҳнаи тоҷик» аз нашр баровард.  Муаллифони китоб — ҳунарманди театри ҷавонони ба номи М.Воҳидов Ғаниҷони Олим ва омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мирзоалӣ Алиев  дар ин   китоб   доир ба ҳаёт ва фаъолияти  модари саҳнаи  театру кинои тоҷик  Мушаррафа Қосимова, шахсияте, ки на танҳо ӯ,  балки  аҳли байташ мояи ифтихор ва  муаррифи санъати театру кинои тоҷик мебошанд,  қисса намудаанд. Китоби мазкур  хонандаро бо зиндагии ин ҳунарманди маъруф шинос менамояд. Муаллифони китоб дирӯз, ки  рӯзи мавлуди ҳунарманд  буд ва ӯ ба синни мубораки  100 расид,   китобро чун туҳфаи сазовор ба ҳунарпеша тақдим намуданд.

Аҳли фарҳангу ҳунар бо роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода барои дидорбинӣ ва табрики  ин ҳунарпешаи маҳбуби тоҷик  ба аёдати ӯ рафтанд. Хабарнигори  АМИТ «Ховар» Миҷгона Халилова  низ дар ин ҳайат шомил буд ва  бардоштҳои худро барои   хонандагони сомона пешниҳод менамояд.

Ҳарчанд синну соли ба қавли мардум «табаррукӣ»  намегузошт, ки ин модари барои тамоми миллати тоҷик азизу гиромӣ ҳиссиёти доштаашро пурра иброз намояд, аммо аз чашмони пурмеҳр ва чеҳраи нуронию хандону шукуфонаш фаҳмидан мушкил набуд, ки то чӣ андоза ӯ хушбахт аст. Мушаррафа Қосимова  ҳама мушкилӣ, нобаробарӣ,  фоҷеаву талхиҳое, ки ба сараш омаданд, тавонист мардонавор  онҳоро пушти сар  созад. Ин бонуи матинирода зиндагиро бо ҳама сахтиҳояш  дӯст дошту барои рушди саҳнаи тоҷик нақши намоён гузошт.

Мушаррафа Қосимова 19 декабри соли 1918  чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.  Марги падар аввалин бадбахтие буд, ки ба сари ӯ   омад.

Мушаррафа дар он айём ба Омӯзишгоҳи тиббии онвақта шаҳри  Сталинобод (имрӯза Душанбе)  дохил шуд буд, аммо натавонист онро то охир давом диҳад. Чунки ӯ  дар аввалин таҷрибаомӯзиҳои анатомӣ  аз мушоҳидаи ҷасади инсон аз ҳуш рафт. Бо ҳидояти модар, ки дар Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ба ҳайси дӯзандаи либос фаъолият  мекард,  ба ин ҷо ба кор омад. Ҳарчанд Мушаррафа ба театр бо  зарурат омада буд, вале дар муддати хеле кӯтоҳ дилдодаи он шуд. Бо гузашти начандон муддати дароз   бо истеъдоди табиӣ ва талошу ҷоннисориҳои шабонарӯзӣ  аз муваффақтарин ҳунарманди театру кино  гардид.

Дар симои Мушаррафа Қосимова агар насли калонсол  модари хешро бубинад, насли хурдсол бибию бибикалонро пайдо месозад. Ҳангоми дидорбинӣ ҳамагон ба ӯ як хел изҳори муҳаббат мекунанд- «ба мисли модарам аст, ба бибиам хеле монандӣ дорад». Аз  ҳамин ҷост, ки ба ӯ маҳз ҳамин унвони баландро сазовор донистаанд- «Модари саҳнаи тоҷик» .

«Мо низ хостем ҳамин унвони баландро, ки худи халқ ба бонуи ҳунар Мушаррафа Қосимова сазовор донистааст,  ба китоб гузорем», — иброз дошт Ғаниҷони Олим, яке аз муаллифони китоби  «Модари саҳнаи тоҷик».

«Ин унвон муарифи  ҳамин шахсият  аст. Аз ҳама унвони баландтарин, албатта, ин   «МОДАР» аст, ки мардуми тоҷик ба ҳунарманди маҳбуб Мушаррафа Қосимова лоиқ донистаанд. Дар китоб мо аз дастхатҳое, ки  модари азиз дар як дафтар гирд овардаанд,   истифода бурдем.

Ҳангоми  навиштани сатрҳо бовар кунед,  хеле зиёд  ашк рехтем, чун зиндагиаш  пур аз сахтиҳою дардҳост.   Аммо хушнудем, ки тавонистем барои модари гиромӣ туҳфае  ба муносибати 100 –умин солгарди  умрашон омода намоем. Ин хушбахтии ман ва хушбахтии тамоми миллат аст» —  афзуд Ғаниҷон Олимов.

Директори Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Лутфулло Давлатзода бо муҳаббат ва самимият  иброз дошт, ки «Муаллимаи азиз, устод ва модари саҳнаи   тоҷик, модари азизи  ҳамаи мо, ҳунармандон, модари дӯстдоштаи тамоми миллати тоҷик Мушаррафа –апа  садсола шуданд. Муаллимаи азиз тамоми ҳаёти худро дар Театри академӣ- драмавии ба номи А.Лоҳутӣ гузаронидаанд ва он қадар образу нақшҳое офаридаанд, ки назир надоранд. Чизе, ки   маро сахт ба ҳаяҷон овард, ин  аст, ки  модари гиромӣ бо дастони ларзонашон дар китоби чопшуда бароямон  бо навиштаи «Барои писари азизам» соядаст гузошт.  Ӯ воқеан мояи ифтихори мост».

Ортиқи Қодир, яке аз ҳунармандони муваффақи тоҷик худро хушбахттарин шахс меҳисобад, ки имкон дошт ҳам дар театр ва ҳам дар кино  бо ин шахсияти бузург якҷо ҳунарнамоӣ кунад.

«Мушаррафа Қосимова   бо ҳама шикасту рехт, бо ҳама азиятҳое, ки дар рӯзгор дидаанд, хушбахтарин зан- модар ҳастанд. Бо номи худ, бо номи фарзандашон Фаррух Қосимов ҷовидонӣ ҳастанд. Ин шаҷара анъанаҳои неки худро идома дода истодааст»,-мегӯяд Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ортиқи Қодир, ки   ӯ низ ба дидорбинӣ ва табрики  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон омада буд. Номбурда иброз дошт, ки   «ҳама вақт таманно менамудем, ки эй, кош 100 — солагии ин модари азизро бубинем ва агар боварнашуданӣ ҳам бошад, ин рӯз фаро расид.  Орзу дорам, ки чун модар, чун хунарманди маҳбуб умри дарозтарин дида, ба китоби рекордҳои Гиннес  дохил   шаванд».

Мушаррафа Қосимова то поёни солҳои 80, беш аз 50 сол дар саҳнаи Театри академӣ-драмавии  ба номи А.Лоҳутӣ ва аз соли 1989 дар театри «Гаҳвора» ҳунарнамоӣ кардааст. Собиқаи ӯ дар синамо аз соли  1956 оғоз мегирад. Аз офаридаҳои ӯ -Латофат  аз намоиши «Тӯй»,   Баҳор аз  «Ҳаёт ва ишқ»,   занаки гӯл аз «Гавҳари шабчароғ»,   Марианна  аз «Қиссаи модар»,     модар  аз намоиши «Бе ватан»,  Чӯтуройим  аз «Фармони кадушоҳ»,   Бӯстонбибӣ  аз «Ҷон модаракон»,   модаркалон  аз «Хатро ман навишта будам»,   Ойша-апа  аз  «Қуллаи Фудзияма»  ва даҳҳо намоиши дигарро метавон ном бурд. Дар чандин филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм», аз ҷумла, филмҳои «Дохунда», «Дӯсти ман Наврӯзов», «Нисо», «Вохӯрӣ дар дара», «Дарду алами Афғонистон», «Бачагии Насриддин», «Дарди ишқ», «Марди мутааллиқи ду зан» ва чандеи дигар нақш бозидааст. Бо гузашти солҳо, ҳунар ва образҳои офаридаи ҳунарманд низ тағйир ёфтаанд. Мушаррафа Қосимова оҳиста-оҳиста аз бозидани нақши духтарони шӯху дилбар ба образҳои замони муосир ва созандаи замони нав гузашта, ҳамин тавр то маснади модару модаркалони саҳна расид. Нақшҳои Модар аз намоиши «Беватан»,  Бӯстонбибӣ аз намоиши «Ҷон модаракон»,   Модаркалон аз асари «Номаро ман навиштаам»   ва Фармонбибӣ аз «Исёни арӯсон»   чун беҳтарин образҳои  саҳнаи тоҷик муаррифӣ мешаванд.

Тавре дар боло зикр намудем,  Мушаррафа  Қосимова на ҳамчун ҳунарманди маъруф,  балки ҳамчун модар  фарзандони арзандаеро ба олам оварда, тарбият  намудааст, ки сутуни мустаҳкаме дар санъати театр  ва кинои тоҷик  маҳсуб мешаванд.

Хизматҳои шоёни ин бонуи ҳунар бо ифтихорномаву мукофотҳои  давлатӣ   қадрдонӣ  шудаанд.  Ҳангоме, ки кошонаи пурмеҳри    модари саҳнаи ҳунари тоҷик пур аз меҳмонон ва аҳли ҳунару фарҳанги ҷумҳурӣ буд,    шодию нишоташ ҳадду канор надошт. Боз ҳам бо қалби пурмеҳр ва одати ҳамешагӣ даст ба дуо бардошт ва барои ҳамагон дуои неки модаронаи худро эҳдо намуд.

Декабрь 20, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДАР ТАЛОШИ ҲАҚИҚАТ». Филми коргардони тоҷик соҳиби аввалин ҷоизаи байналмилалӣ гардид
РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД». Имрӯз дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии рақс оғоз мегардад
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт оғоз гардиданд
Дар Академияи миллии илмҳо китоби «Тоҷикон» дар тарҷумаи арабӣ муаррифӣ гардид
Вобаста ба нақши Пешвои миллат дар рушди китобдорӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд
Масъалаи ҳамкории Институти Гёте бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Беларус Рӯзи синамои Тоҷикистон баргузор гардид
«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД». Дар Тоҷикистон фестивали байналмилалии рақс доир мешавад
«Дафтари Порис» дар Муассисаи фарҳангии ЭКО рӯнамоӣ шуд
ТЕАТР-ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ театри тоҷик мустақил гардид
Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад