ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар аст

Декабрь 7, 2018 08:10

ДУШАНБЕ, 07.12.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои   тағйирёбанда  шуда,   боридани борону барф ва  фаромадани туман дар  назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, танҳо дар охири рӯз боридани борону барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -7-12, рӯзона  3+8  ва дар шарқи ин вилоят шабона -20-25  ва рӯзона -4-9 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8    метр   ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4  ва рӯзона  7+12  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,  дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона +12+17   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда,  дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман  дар назар аст. Ҳарорат шабона ба 2+7  ва рӯзона  ба  11+16  дараҷа  мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда   шуда,  шабона 3+5  ва рӯзона +14+16  дараҷа гарм мешавад.

 

Декабрь 7, 2018 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид