ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Декабрь 22, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 22.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои   тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар  як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа сард,   рӯзона  0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи ин вилоят шабона 16-21  ва рӯзона 4-9 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои  тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо  боридани борону барф ва фаромадани туман   дар назар аст.   Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона  -3+2  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои  тағйирёбанда  шуда,  фаромадани туман  дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 7-12   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда  шуда, туман мефарояд. Ҳарорат шабона ба -1+4 ва рӯзона  ба  7+12  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,    шабона    1-3 ва рӯзона   9-11  дараҷа гарм мешавад.

 

Декабрь 22, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст