Ғолибони Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд — 2018» муайян шуданд

Декабрь 6, 2018 13:15

ДУШАНБЕ, 06.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд — 2018» баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд-2018» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, мақсади асосии он, пеш аз ҳама, аз тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ ва рушди атласу адрасбофӣ иборат буд.

Фестивал дар чанд бахш доир шуда, довталабон барои ғолибият намунаҳои либосҳои омодакардаи худро пешниҳоди ҳакамон намуданд. Дар натиҷа Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд — 2018» ва 5 ҳазор  сомонӣ мукофот насиби тарроҳ Нилуфар Тоҷибоева аз шаҳри Хуҷанд гардид.

Ҳамчунин дар бахши «Беҳтарин либоси миллии арӯсию домодӣ» ҷои аввал насиби тарроҳ Абӯбакр Хоҷаахмедов аз шаҳри Панҷакент гардида, номинатсияи «Беҳтарин либоси кӯдакона» ба тарроҳ Малоҳат Набиева аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, «Беҳтарин либоси расмӣ» ба Гулҷаҳон Норчаева аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Беҳтарин либоси идона» ба Орзугул Бердиева аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки фестивали мазкур  дар ду давр баргузор шуда, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва даври дуюм дар маркази вилоят бо иштироки ғолибони даври аввал гузаронида шуд.

Декабрь 6, 2018 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид