Парлумони Тоҷикистон ба Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тағйирот ворид менамояд

Декабрь 17, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 17.12.2018/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тағйиру иловаҳо ворид намоянд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода гуфт, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни зикргардида бо мақсади мутобиқ гардонидан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», инчунин ҷилавгирии бемориҳои сироятӣ байни кӯдакону ҷавонон, азбаркунии асосҳои гигиенаи шахсӣ ва фарҳангӣ- санитарӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Аъзои Шӯро ҳамзамон    масъалаи доир намудани муҳокимаи парлумонӣ оид ба ҷараёни иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар самти таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Декабрь 17, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд