Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон се ҳодисаи муҳими соли 2018- ро эълон намуданд
ДУШАНБЕ, 26.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26 декабр зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат се ҳодисаи солро эълон намуданд.
Аввалин ва муҳимтарини он, ба гуфтаи Роҳбари давлат, ин Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мебошад, ки 22 март расман оғоз гардид. Даҳсолаи мазкур бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаммуаллифӣ бо 177 мамлакати узви СММ пешниҳод гардида, 21 декабри соли 2016 дар ҷаласаи пленарии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ якдилона қабул гардид.
Ҳодисаи дуюм ва тақдирсоз барои ҳамаи тоҷикистониён – ин ба истифода додани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст, ки ба 16 ноябр рост омад. Мардуми тоҷик ин ҳодисаро се даҳсола боз бо умедворӣ интизор буданд ва онро бо итминон метавон таърихӣ номид.
Сеюмин ҳодиса – рафтуомади мутақобила ва сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад, ки дар ҷараёни он созишномаҳои муҳим ва таърихӣ дар самти рушди ҳамкории стратегии минбаъда ба имзо расиданд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






