«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВАЗИФАҲОИ МУШАХХАС БА МИЁН ГУЗОШТАНД». Истиқболи мардуми вилояти Суғд аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ

Декабрь 26, 2018 15:51

ХУҶАНД, 26.12.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар толори тамоми корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳои вилояти Суғд тамошои якҷояи пахши мустақими телевизионии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сурат гирифт.

Ҳамчунин тамошои Паёми Сарвари давлат дар маҷлисгоҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки кормандони масъули  ин мақомот  ташкил карда шуд.    Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», ҳамин гуна тамошои муташаккилона дар ҳамаи корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои бонкиву соҳаҳои маориф, тандурустиву фарҳанг, мактабҳои олӣ ва ташкилотҳои мухталифи шаҳр роҳандозӣ гардида, иштирокдорон суханронии Сарвари давлатро бо таваҷҷуҳ тамошо намуданд.

Ба иттилои манбаъ, баъди анҷоми Паём тибқи дастури шаҳрдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода масъулини соҳаҳо муваззаф гардиданд, ки вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлат барномаҳои корӣ ва нақшаҳои фаъолияти худро таҳия намоянд.

Зикр гардид, ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Тавре сокинони  касбу кори гуногун ва донишҷуёни шаҳри Хуҷанд иброз доштанд, тасмимҳои Сарвари давлат, ки дар Паёми имсола ирсол гардиданд, воқеан ҳам ба боло бурдани сатҳи иқтисодиёту иҷтимоиёт, афзун намудани теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷойҳои корӣ ва маошу нафақа, хосатан ба рушду нумӯи ҷомеа, соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва некӯаҳволии шаҳрвандони мамлакат нигаронида шуда, барои ташаккули ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.

Махсусан нуктаҳои таъкидии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи кунунии донишандӯзии донишҷӯён ва нақши омўзгор дар таълиму тарбияи ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси миллӣ, дурӣ ҷустан аз мафкураи бегона, мақоми зан дар ҷомеа, рушди соҳибкорӣ, ҳимояи волоияти қонун ва ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа бояд сармашқи фаъолияти ҳамагон қарор гиранд.

Декабрь 26, 2018 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон