Рамазон Раҳимзода ва Лю Бин роҳҳои нави мубориза бо терроризмро баррасӣ намуданд

Декабрь 21, 2018 10:10

ДУШАНБЕ, 21.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. 20 декабри соли равон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин, ки ба ин вазифа нав таъйин гардид, мулоқот анҷом дод.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидан ва пайдо намудани роҳҳои нави ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

«Рамазон Раҳимзода ва Лю Бин доир ба таҳдиду хатарҳои замони муосир ва пешгирию муборизаи дастаҷамъона дар ин самт мубодилаи афкор намуданд», — иттилоъ дод манбаъ.
Бояд гуфт, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон намудани сиёсати «дарҳои кушода» робитаҳои мутақобилаи мамлакати мо бо кишварҳои хориҷӣ дар сатҳи назаррас ба роҳ монда шудаанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун шарики стратегии Тоҷикистон дар ин миён мақоми хос дорад.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли 1992 барқарор шудаанд. Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе 13 марти соли 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 7 апрели соли 1997 ифтитоҳ ёфта, то кунун фаъолият доранд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушду густариш додани ҳамкорӣ изҳор доштанд.

Декабрь 21, 2018 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид