«Сайидои Насафӣ аз худ осори баландмазмуни фаровон мерос гузоштааст, ки аз ҷумлаи дурдонаҳои таърихи адабиёти тоҷик ба ҳисоб меравад»-омадааст дар Паёми табрикии Пешвои миллат

Декабрь 13, 2018 13:52

ДУШАНБЕ, 13.12.2018. /АМИТ «Ховар»/.  «Миробид Сайидои Насафӣ ва таҳаввулоти фарҳангию адабии Мовароуннаҳр»-таҳти чунин унвон имрӯз дар  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ ифтитоҳ гардид, ки он ба 400-солагии суханвари бузург Сайидои Насафӣ, ки бо мероси пурқимат ва арзишманди адабӣ ва афкори баланди инсонии худ дар таърихи адабиёти ин давра мақом ва манзалати шоиста доштааст, бахшида шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ аз макони баргузории конференсия иттилоъ дод, ки ҳамоиши илмиро бо сухани ифтитоҳӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз бахшида, «Куллиёт»-и тозанашри Сайидои Насафиро муаррифӣ кард. Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли илм қироат намуд.

Дар Паёми Пешвои миллат, аз ҷумла таъкид шудааст, ки «Сайидои Насафӣ аз худ осори баландмазмуни фаровон мерос гузоштааст, ки онҳо аз ҷумлаи дурдонаҳои таърихи адабиёти тоҷик ба ҳисоб меравад. Баргузории ҳамоиши илмӣ бахшида ба бузургдошти нобиғаҳои илм, адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо, арҷгузорӣ ва ҳифзи мероси адабӣ, фарҳангӣ ва таърихию илмӣ аз самтҳои асосисии сиёсати Ҳукумат ва давлати Тоҷикистони соҳибихтиёр ва соҳибистиқлол ба шумор меравад».

Дар идомаи ҳамоиши илмӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, намояндагони кишварҳои Франсия, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон оид ба аҳамияту моҳияти осори гаронмояи ин суханвари бузург дар рушди адабиёт ва фарҳанги тоҷик  андешаҳои худро баён карданд.

Зикр гардид, ки тамоми эҷодиёти Сайидо барои ҳар як инсони соҳибзавқ аҳамияти бағоят бузург дорад. Ашъори шоир хеле рангин буда, пур аз мазмунҳои бикр мебошад. Хусусияти фарқкунандаи Сайидо аз он иборат аст, ки шоир бо диду нигоҳи нав ва бо сабку услуби хоссаи худ ба воқеият назар меандозад ва таъбиру ибораҳои латифро интихоб мекунад.

Мероси адабии Сайидои Насафӣ, ки бо шакли «Куллиёт» ва  «Девони ашъор» то замони мо расидааст, аз ғазаллиёт, қасоиду маснавиёт, мухаммасу мусаддас, рубоёту қитъаҳо, асарҳои тамсилии «Баҳориёт» ва «Шаҳрошӯб» иборат мебошад. Аксари ашъори Сайидо мавзӯъҳои ахлоқӣ, маънавӣ, иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, воқеияти зиндагиро ифода мекунад.

Аз ҷумла, ашъори «Шаҳрошӯб» аз ҷиҳати сохт ва муҳтаво дар адабиёти тоҷик бесобиқа мебошад. Шоир бо нигоҳу андешаи тоза ба касбу ҳунар ва мақоми он назари хосса баён намуда, тариқи танз, мутоиба ва ҳаҷв баъзе паҳлуҳои ҳунари ҳунармандонро васф намудааст. Аз ҳамон давра то ба имрӯз мавзӯи ҳунар ва ҳунармандӣ дар адабиёти тоҷик боз мақоми хосса гирифт.

Аҳли илм ба хулоса омад, ки шеъри Сайидо мисли сурудаҳои беҳамтову оламшумули дигар классикони адабиёти тоҷик як навъ гимни бузургдошти инсони заҳматқарину ҳунарвар, Яшти меҳани созандаву фарозанда, мадеҳаи фазлу ҷавонмардиву солорӣ, таронаи ишқу муҳаббати пок ва бадеҳаи муҳассаноти бани башар аст, ки аҳамияташ ҳеҷ аз миён нахоҳад рафт.

Дар маҷмӯъ, эҷодиёти Сайидои Насафӣ дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ падидае нодиру назаррас буда, онро ҳам аз ҷиҳати сохту ҳам аз нигоҳи муҳтаво ғанитар гардонидааст. Таъсири мактаби эҷодии шоир ба раванди минбаъдаи адабиёти тоҷик пайваста эҳсос мешавад, ки басо ибратбахш аст.

Конференсияи байналмилалӣ то бегоҳ идома карда, паҳлуҳои ҳанӯз таҳқиқнашудаи ҳаёт ва эҷодиёти Сайидои Насафӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Декабрь 13, 2018 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз 25 то 30 сентябр даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Дар нашриёти «Эр Граф» «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ» аз чоп баромад
Оид ба омӯзиши таърих ва тамаддуни халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ конфронси илмӣ баргузор гардид
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тақдими китоби «Шоҳнома» ба беш аз 48 ҳазор оилаи шаҳри Ҳисор оғоз шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи сентябр оғоз мегардад
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ китоби «Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат» аз чоп баромад
«Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ бузургтарин мактаб дар тарбияи худшиносии миллӣ мебошад
Муовини Сарвазири Беларус дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос гардид
МУҶАССАМАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Аз ифтитоҳи ин маҷмааи миллӣ 26 сол пур шуд
Оид ба нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 34-солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифтанд
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнии асарҳои рассомони ҷавони тоҷик ифтитоҳ ёфт