«Сайидои Насафӣ аз худ осори баландмазмуни фаровон мерос гузоштааст, ки аз ҷумлаи дурдонаҳои таърихи адабиёти тоҷик ба ҳисоб меравад»-омадааст дар Паёми табрикии Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 13.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Миробид Сайидои Насафӣ ва таҳаввулоти фарҳангию адабии Мовароуннаҳр»-таҳти чунин унвон имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ ифтитоҳ гардид, ки он ба 400-солагии суханвари бузург Сайидои Насафӣ, ки бо мероси пурқимат ва арзишманди адабӣ ва афкори баланди инсонии худ дар таърихи адабиёти ин давра мақом ва манзалати шоиста доштааст, бахшида шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ аз макони баргузории конференсия иттилоъ дод, ки ҳамоиши илмиро бо сухани ифтитоҳӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз бахшида, «Куллиёт»-и тозанашри Сайидои Насафиро муаррифӣ кард. Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли илм қироат намуд.
Дар Паёми Пешвои миллат, аз ҷумла таъкид шудааст, ки «Сайидои Насафӣ аз худ осори баландмазмуни фаровон мерос гузоштааст, ки онҳо аз ҷумлаи дурдонаҳои таърихи адабиёти тоҷик ба ҳисоб меравад. Баргузории ҳамоиши илмӣ бахшида ба бузургдошти нобиғаҳои илм, адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо, арҷгузорӣ ва ҳифзи мероси адабӣ, фарҳангӣ ва таърихию илмӣ аз самтҳои асосисии сиёсати Ҳукумат ва давлати Тоҷикистони соҳибихтиёр ва соҳибистиқлол ба шумор меравад».
Дар идомаи ҳамоиши илмӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, намояндагони кишварҳои Франсия, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон оид ба аҳамияту моҳияти осори гаронмояи ин суханвари бузург дар рушди адабиёт ва фарҳанги тоҷик андешаҳои худро баён карданд.
Зикр гардид, ки тамоми эҷодиёти Сайидо барои ҳар як инсони соҳибзавқ аҳамияти бағоят бузург дорад. Ашъори шоир хеле рангин буда, пур аз мазмунҳои бикр мебошад. Хусусияти фарқкунандаи Сайидо аз он иборат аст, ки шоир бо диду нигоҳи нав ва бо сабку услуби хоссаи худ ба воқеият назар меандозад ва таъбиру ибораҳои латифро интихоб мекунад.
Мероси адабии Сайидои Насафӣ, ки бо шакли «Куллиёт» ва «Девони ашъор» то замони мо расидааст, аз ғазаллиёт, қасоиду маснавиёт, мухаммасу мусаддас, рубоёту қитъаҳо, асарҳои тамсилии «Баҳориёт» ва «Шаҳрошӯб» иборат мебошад. Аксари ашъори Сайидо мавзӯъҳои ахлоқӣ, маънавӣ, иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, воқеияти зиндагиро ифода мекунад.
Аз ҷумла, ашъори «Шаҳрошӯб» аз ҷиҳати сохт ва муҳтаво дар адабиёти тоҷик бесобиқа мебошад. Шоир бо нигоҳу андешаи тоза ба касбу ҳунар ва мақоми он назари хосса баён намуда, тариқи танз, мутоиба ва ҳаҷв баъзе паҳлуҳои ҳунари ҳунармандонро васф намудааст. Аз ҳамон давра то ба имрӯз мавзӯи ҳунар ва ҳунармандӣ дар адабиёти тоҷик боз мақоми хосса гирифт.
Аҳли илм ба хулоса омад, ки шеъри Сайидо мисли сурудаҳои беҳамтову оламшумули дигар классикони адабиёти тоҷик як навъ гимни бузургдошти инсони заҳматқарину ҳунарвар, Яшти меҳани созандаву фарозанда, мадеҳаи фазлу ҷавонмардиву солорӣ, таронаи ишқу муҳаббати пок ва бадеҳаи муҳассаноти бани башар аст, ки аҳамияташ ҳеҷ аз миён нахоҳад рафт.
Дар маҷмӯъ, эҷодиёти Сайидои Насафӣ дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ падидае нодиру назаррас буда, онро ҳам аз ҷиҳати сохту ҳам аз нигоҳи муҳтаво ғанитар гардонидааст. Таъсири мактаби эҷодии шоир ба раванди минбаъдаи адабиёти тоҷик пайваста эҳсос мешавад, ки басо ибратбахш аст.
Конференсияи байналмилалӣ то бегоҳ идома карда, паҳлуҳои ҳанӯз таҳқиқнашудаи ҳаёт ва эҷодиёти Сайидои Насафӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.













Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






