Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин бародаршаҳр гардид

Декабрь 12, 2018 17:25

ДУШАНБЕ, 12.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами  Эмомалӣ бо ҳайати музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини Раиси музофот ҷаноби Ван Юн, ки бо сафари корӣ ба пойтахти  мамлакати  мо ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ вобаста ба роҳандозӣ намудани ҳамкорӣ  дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маорифу сайёҳӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо  саҳми роҳбарони ҳар ду кишвар — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро дар таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба  махсус таъкид намуданд.

Тарафҳо  ба мавзӯъоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук, коркарди маводи хӯрока, технология, сайёҳӣ, маориф ва ҷалби сармоя ба ин самтҳои муҳими иқтисодиёти шаҳри Душанбе  ҳавасмандӣ  зоҳир намуданд.

Қисми зиёди музокирот ба масъалаҳои барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Хайнан бахшида шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки музофоти Хайнан бо масоҳати 35 000 метри мураббаъ ва 9 миллион нафар аҳолӣ дар қисмати ҷанубии Чин ҷойгир буда,  маркази он шаҳри Хайкоу мебошад.  Сарчашмаҳои асосии иқтисодиёти музофоти Хайнан соҳаи сайёҳӣ ва кишоварзӣ  маҳсуб  мешаванд. Он яке аз марказҳои бузурги сайёҳии баҳрӣ дар ҷаҳон буда, бо иқлими тропикии худ беш аз 50 намуди меваҷот ва 120 намуди маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол ва содирот менамояд.

Дар ҷараёни музокирот байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати халқии музофоти Хайнан Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Хайнани  Ҷумҳурии Мардумии Чин ба тасвиб расид.

Санади бародаршаҳриро аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Ҳукумати халқии музофоти Хайнан муовини Раиси музофоти Хайнан ҷаноби Ван Юн имзо карданд.

Мавриди зикр аст, ки шаҳри Душанбе то имрӯз бо шаҳрҳои Урумчӣ  (10 сентябри соли 1999), Сямен (20 июни соли 2013) ва шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин (18 сентябри соли 2018) робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст.

Декабрь 12, 2018 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд
Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллион бех лола шинонида мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Душанбе таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳалқаи кӯчаи Дӯстии халқҳо пайваст ба кӯчаи Меҳнат муваққатан қатъ мегардад
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!». Озмуни шаҳрии шеър ва суруди беҳтарин оғоз мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд