Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ аз Паёми навбатии Пешвои миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд

Декабрь 26, 2018 16:31

 РӮДАКӢ, 26.12.2018. /АМИТ «Ховар»/Имрӯз  сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар 42 ҷойи ҷамъиятӣ ва 155 муассисаи таълимии ноҳия пахши мустақими телевизионии Паёми солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуда, аз он рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд.

Мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рӯдакӣ Санавбар Ашӯрова зимни суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки «Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дастурамали босамари фаъолияти давлат ва ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорӣ  дар самти сиёсати дохилию хориҷӣ маҳсуб мешавад. Он доираи фарохи масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар гирифта, самти ҳаракати давлатро барои солҳои оянда муайян менамояд.  Ҳамчунин  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро  мавриди баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодии мамлакат, саноат, энергетика, сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, рушди деҳот ва маорифро барои солҳои оянда муайян намуд».

Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияти кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтори бозорӣ, муҳайё кардани шароити мусоиди иқтисодӣ-иҷтимоӣ барои сокинони кишвар сол аз сол беҳтар гардида, лоиҳаҳои наву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд.

Раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Рӯдакӣ Ҷунайдулло Файзализода иброз дошт, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи  Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад, таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ беҳбудии ҷиддӣ талаб менамояд. Он кас дастур доданд, ки барои ҳалли ин масъала дар деҳот  таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад».

Бояд гуфт, ки сокинони ноҳияи Рӯдакӣ аз ин ғамхориҳои пайвастаи падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шод гардида, Паёми имсоларо чун стратегияи роҳнамо қабул намуданд.

Декабрь 26, 2018 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон