ТАРКИШ БАР АСАРИ ИХРОҶ АЗ БАЛОНИ ГАЗ. Маркази матбуотии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе хабар медиҳад

Декабрь 4, 2018 16:15

ДУШАНБЕ, 04.12.2018./АМИТ «Ховар»/. 4-уми декабри соли 2018, соати 13:25, дар назди мағозаи қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳои навъи “Хенкук”, воқеъ дар маҳаллаи 61-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки ба шаҳрванд Фозилов Дониёр Аҳмадхоҷаевич, соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Яккачинор, хонаи 159 тааллуқ дорад, бар асари ихроҷ аз балони газ таркиши кӯтоҳ ба амал омад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуотии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи таркиш  шаҳрвандон Бедилов Хуҷа, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро, бинои 29, хонаи 4, Шарипов Аҳлиддин, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Заҳматобод, хонаи 367, Шоев Сабзалӣ, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Сурхоб, хонаи 372 ва Ёраков Парвиз, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чимтеппа, деҳаи Пахтакор осеби сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд. Ҳолати саломатии  номбурдагон муътадил буда, зери назорати табибон қарор доранд.

«Тафтишоти пешакӣ оид ба ҳолати рух додани таркиш аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад. Аз натиҷаи он хабар дода хоҳад шуд», — омадааст дар хабари Маркази матбуотии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе.

Декабрь 4, 2018 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд